Бадахшон дубора таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ гузашт

Мақомоти Афғонистон аз дубора таҳти идораи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтани вулусволии Юмгони вилояти Бадахшони ин кишвар, ҳаммарз бо Тоҷикистон, хабар медиҳанд.
Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии Бадахшон дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, “амалиёти нерӯҳои вижаи артиш ва пулиси Афғонистон мунҷар ба поксозии комили вулусволӣ аз вуҷуди мухолифони мусаллаҳ шуда ва ҳоло идораи куллии вулусволӣ дар дасти нерӯҳои давлатист”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи миёнаравии бузургони маҳал ва пиронсолони вулусволиҳои Юмгон, Ҷурм, Карон ва Мунҷи вилояти Бадахшон 24 тан аз сарбозони асируфтода дар дасти гуруҳи Толибон озод карда шудаанд: “Афроди раҳошуда сарбоз буданд, аммо 3 нафар аз фармондеҳони нерӯи пулис ҳануз дар чанги гурӯҳи Толибон ҳастанд.”
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ба нерӯҳои вижа дастур додааст, то давоми 72 соат неруҳои Толибонро аз қаламрави вулусволиҳои Бадахшон берун кунанд. Вале бо вуҷуди сипарӣ шудани ин муҳлат ҳанӯз задухурд миёни неруҳои ду ҷониб идома дошта, тақдири се асири боқимонда маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки Наврӯз Муҳаммад Ҳайдарӣ, вулусволи Юмгон гуфта рӯзи 20 май гуфта буд, аз соати 10-и субҳ ин вулсволӣ таҳти раҳбарии Толибон қарор дорад. Муҳаммад Ҳайдарӣ сабаби аслии таҳти тасарруфи нерӯҳои Толибон қарор гирифтани Юмгонро сари вақт нарасидани кумаки низомӣ ба маъмурини амниятии ин минтақа унвон карда буд: “Ҳашт моҳ мешавад, мо дар муҳосираи Толибон қарор доштем, бо кумакҳои Вазорати умури дохилӣ то ин дам бо ҷанговарони ин гуруҳ мубориза бурдем, аммо ба хотири сари вақт нарасидани ёрии низомӣ Юмгонро аз даст додем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |