Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ
Кумисюни Иёлоти Муттаҳида оид ба озодии байналмилалии динӣ Тоҷикистонро дар феҳрист (рӯйхат)-и кишварҳое шомил кардааст, ки маҳдудияти озодиҳои динӣ дар онҳо нигаронкунанда мебошад.
Дар баробари Тоҷикистон дар ин феҳрист Узбакистону Туркманистон низ ҷой гирифтаанд, ки маҳдудияти озодии динӣ дар ин давлатҳо бештар ба назар мерасад. Инчунин, Бирма, Чин, Эрон, Арабистони Саудӣ, Судон, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам низ вориди ин рӯйхат мебошанд.
Ҳангоми муаррифии гузориш Роберт Ҷорҷ, раиси Кумисюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодии байналмилалии динӣ иштирок доштааст. Номбурда зимни суханронияш пешниҳод намудааст, ки дар қонунгузории Амрико, ки ҳимояти озодии динӣ дар хориҷро танзим мекунад, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, то мубориза бо таҳдидҳои бархоста аз гуруҳу созмонҳои террористӣ аз қабили Ал-Қоида ва Боко Ҳаром муассиртар шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |