Ҳуснӣ Муборак рафт. Мурсӣ ҳам. Акнун навбати Сисӣ, ё Сабоҳӣ?
Интихоботи президентии Миср баъд аз кудетои низомӣ ва боздошту зиндонии Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи ин кишвар, шуруъ гардид. Тавре расонаҳои маҳаллии Миср хабар медиҳанд, интихоботи президентии ин кишвар 26 май барои 54 миллион интихобкунанда аз миёни беш аз 85 миллион сокин баргузор хоҳад шуд.
Дар интихобот ду номзад - Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи пешини қувваҳои мусаллаҳ ва асосгузори кудетои низомӣ дар Миср ва Ҳамдейн Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумии ин кишвар барои дарёфти курсии раёсат вориди рақобат ҳастанд. Кумитаи марказии интихоботи Миср охирҳои ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки наздик ба 94%-и шаҳрвандони муқими хориҷааш ба ҷонибдорӣ аз Сисӣ раъй додаанд ва танҳо наздик ба 5 дар сад аз Ҳамдайн Сабоҳӣ ҳимоят кардаанд.
Абдулфаттоҳ Сисӣ 60 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси вазири дифои Миср ифои вазифа кардаасту аз моҳи августи соли 2012 то 27 марти соли ҷорӣ, дақиқтараш қабл аз эълони номзадияш дар интихоботи ҷорӣ симати сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишварашро бардӯш дошт. Ҳамзамон раҳбари Шӯрои олии қуваҳои мусаллаҳи Миср ба шумор рафта, аз 16 июли соли 2013 то моҳи марти соли ҷорӣ курсии муовинии нахуствазириро низ дар ихтиёр дошт. Таҳсилдидаи таълимгоҳҳои низомии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидами Амрико мебошад.
“Пештозоӣ”-и сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбӣ дар интихоботи президентии Миср дар ҳолест, ки бо дастури ӯ ибтидои моҳи июли соли гузашта Муҳаммад Мурсӣ, ки дар пайи интихоботи мардумӣ баъд аз тазоҳуроти маъруф ба 25 январ ба курсӣ нишаста буд, боздошт ва ба макони номаълум бурда шуда, ҳоло баҳсҳои догоҳии ӯ идома дорад.
Коршиносони мустақили мисрӣ мегӯянд, азбаски иштироки собиқ сарфармондеҳи қушунҳои мусаллаҳ ва асосгузори кудетои низомии ин кишвар дар интихоботи президентии 26 май аз қабл равшан буд, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, хеле кам эҳсос шуд. Дар интихоботи президентии ахири Миср, ки охирҳои моҳи майи соли 2012 баргузор гардиду ба пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, 13 номзад расман сабти ном шуда, ҳудуди даҳ нафари дигар бо сабабҳои гуногун аз иштирок дар корзор маҳрум шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол коршиносони байналмилалӣ бар инанд, ки ба сари қудрат омадани Сисӣ аз бозгашти дубораи низомиён дар Миср дарак медиҳад. Ҷими Картер, раисиҷумҳури пешини Амрико низ дар як мақолаи худ вазъият дар бархе кишварҳои арабиро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳаводиси охири Мисрро баргашти дубораи низомиён ба сари қудрат унвон карда буд. Ӯ гуфт, мардуми Миср баъд аз ба сари қудрат омадани Абдулфаттоҳ Сисӣ, вазири дифои кишварашон бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ хоҳанд, шуд, ки дар давраи Ҳуснӣ Муборак ва дигар раҳбарони худ нашуда буданд. Ин ҳам дар ҳолест, Аҳмад Шафиқ, номзади собиқи раёсати ҷумҳурӣ ва сарвазири Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср низ эълон карда буд, дар сурате, агар генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ эълони номзадӣ накунанд, худаш барои раёсати ҷумҳурӣ дубора номзад хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |