Комиссияи марказии интихобот: Порошенко пешсаф аст
Комиссияи марказии интихоботии Украина 9,85 дар сади варақаҳои райъ дар интихоботи президентии ин кишварро баршумурдааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар пайи шумориши ин миқдор варақаҳо 54,8 дар ба номзад Петр Порошенко овоз додаанд. Дар мақоми дуюм Юлию Тимошенко бо 13,25% ва дар ҷои сеюм Олег Ляшко бо 8,48% нишастаанд. Анатолий Гритсенко 5,55%, Сергей Тигипко 4,74% ва Михаил Добкин 3,35% раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудаанд.
Комиссияи марказии интихоботи Украина гуфтааст, ки дар интихоботи рӯзи 25 май 60,76 дар сади одамони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд. Натоиҷи расмии интихобот на дертар аз 4 июн эълон мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |