Раисиҷумҳур: “Намешавад бо зӯру шаллоқ мардумро ба биҳишт фиристод”
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе (24 май) дар як суханронии худ ба масъулони кишвараш гуфтааст, набояд ҳамарӯза дар зиндагии мардум дахолат кунанд. Ӯ афзудааст, “намешавад мардумро бо зӯру шаллоқ ба биҳишт фиристод”.
Оқои Рӯҳонӣ дар идома афзудааст, “иҷоза диҳем, мардум роҳат бошад. Мардум худашон роҳи биҳиштро интихоб мекунанд. Ҳама кор бикунем, ки дар ҷомеа оромиш бошад.”
Интиқоди Ҳасани Рӯҳонӣ дар мавриди дахолат ба зиндагии мардум дар ҳолест, ки Исмоил Аҳмади Муқаддам -- фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломӣ, дар ҳамон рӯз (яъне, 24 май) аз бархӯрди пулис бо се миллиону 600 ҳазор нафар сокини Эрон тайи як сол дар робита ба ҳиҷоби иҷборӣ хабар дод. Дар рӯзҳои охир инчунин хабарҳое дар мавриди боздошти як ҷавони эронӣ ба ҷурми сохтани як клип ва филтр кардани шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” ба нашр расидаанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзҳои охир интиқоди гуногунеро нисбат ба амалкарди Ҷумҳурии Исломӣ иброз доштааст. Вай чанде пештар аз вазъияти интернет дар Эрон ҳам гила карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |