Бахшҳо
25 май 2014 08:06Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шарҳи расмии ВКД дар бораи марги Турсунов ва ноиби пешини Убайдуллоев

Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) идома дорад.

Абдулҳақ Оев, муовини собиқи шаҳрдори Душанбе дар умури роҳу нақлиёт моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор гардида буд. Худи Оев гуфта буд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи истеъфояшро навишта ва мехоҳад, бештар ба илм машғул бошад.

Абдуқаҳҳор Турсунов ҳам солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Ӯ муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.


Дар акс: Абдуқаҳҳор Турсунов (чап) ва Абдулҳақ Оев (рост)
Мӯҳр
Эхсон
Хамаи мо ба суи Худо бармегардем! Ачиб аст, ки хар кас аз мансабдорон аз вазифа рафт дубора ба ягон мансаби муваккатии дигар то вакти марг баргардонида мешавад ё ба таври фочиабор аз дунё мегузарад, ин муааммоест, ки кушодани сирри он мушкил шудаистодааст.

Саидчон
Чи мусибати бузурге Худованд биомурзадашон. Иннолиллохи ва инна иллайхи рочиъун.Бародари.

Дар хакикат мусибати бузург барои сохаи наклиёт, алалхусус Донишгохи техникй. Дар ин садама гайр аз Оев А,, Турсунов А. боз як нафар устод Сангинов О. гузашта шудааст. Хар сеи инхо докторони илм, профессор буданд. Имруз чанозаи Оев ва Сангинов баргузор гардид. Мутассифона то хол дар бораи Турсунов чизе маълум нест. Чояшон чаннат бошад

Сабур
Бисёр фочиаи бузург барои илми точик.Чояшон чаннат шавад.Эхсонбой дар хамин фоча хам камбуди кофта мегарди,айб аст бародар.

дар ин садамаи нохуш Сангинов О А ки рохбарии факултаи Сохтмонро ба ухда дошт ба халокат расид. Худо рахматашон кунад!

АЛЛОХ рахмату магфираташон кунад устодони мо буданд.
Турсунов яке аз шахсоне буд,ки тасодуфан ба дунё наомада буд.
У накш ва чойи хоси худро дошт дар сохаи наклиёт.
Бехтарин шахсият буд.Дар кору тачриба хамто надошт.У як сухангуи мохир буд.Мо хеч гох аз ёд намебарорем он дарсхои шавковару он насихатхои пандомезашро.
Худо дар хонадонаш сабр ато кунад!

Чамшед
таъзия

Устод Турсунов шахси донишманд буданд, забони шируну сухани воло доштанд. Аз абёти классикон гох гох дар атрофи дустон шеър мегуфтанд. Дар бахши сохиаи наклиёт шояд ягона шахсе дар Точикистон бошанд, ки таткики роххои кухиро анчом додаанд. Ачабо 4 сол мукаддам проректори ДМТ Устоди мархум Исоматов Маъруф дар як мича задани чашм дунёро падруд гуфта буданд, имруз бошад устоди дигарамон Турсунов. Барои мардуми Понгоз талафоти бузург аст чун як фарзанди нобигаи худро аз даст доданд. Худованд чояшонро чаннату фирдавс бигардонад. "Инно лиллоху ва инно илайхи рочиъун" Омин!!!

бе ном
худо бахшадашон

Вой ба холи миллате ки фарзонахои миллатро аз даст медихад Бо ин насли наврас ки моро идора доранду ба чои сала калла меоранд то кучо мерасида бошем

Иннолиллохи ва инна иллайхи рочиъун. Мусибати бузургест барои пайвандон, дустон ва талафоти бузургест барои илми точик. Се донишманди тавоно аз ин чахон рахти сафар бастанд. Афсус! Худо магфирату рахматашон кунад, омин! Гар пири навадсола бимирад, ачаб нест. Ин мотами сахт аст, бигуянд чавон мурд. Худо ба наздиконашон сабри чамил ато кунад!

Мухочир
худо чояшонро чаннат гардонад

Ино лилохи ва ино илойхи рочиун. Худо рахматоашон кунад, манзили охираташон обод бошад. Ба ахли байташон сабри чамил хохнам.

Табиб
Сад афсус, ин талафоти бузургест барои илми точик. Чи илоч, такдирро тадбир нест.

шогирд
Аз садорати ДТТ хоҳиш мекардам, то имрӯз донишҷӯёни донишгоҳро барои ҷустуҷӯи устод Турсунов сафарбар мекард. Ин амали нек ва подош ба хизматҳои устод дар донишгоҳ мебуд!!!

1
Чояшон чаннат бод хеле талафоти калон барои илми точик .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)