Бахшҳо

Қозии собиқи мусулмонҳо: “Ба донишгоҳе, ки бо сатр намемонад, наравед”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, худдории донишҷӯдухтарон аз таҳсил дар макотиби олие, ки пӯшидани рӯсарию ҳиҷобро барои донишомӯзони худ манъ мекунанд, авло донистааст.

Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони сайти Turajon.org гуфтааст, “агар мусъулини донишгоҳ духтарони мусалмононро иҷоза нидиҳанд, бо риоя кардани либоси исломӣ таҳсил кунанд, пас, барои зани мусалмон ҷоиз нест дар чунин донишгоҳ илм омӯзад.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода таъкид кардааст, риояи либоси мазҳабӣ барои зани мусулмон фарз мебошаду набояд ба хотири таҳсил дар чунин як донишгоҳе аз он сарпечӣ кард: “Иҷро кардани фарзи Илоҳӣ ва ҳифз кардани номуси исломӣ болотар аз таҳсил кардан дар чунин донишгоҳҳо аст.” Ӯ дар охир илова кардааст, маҳрум намудани зани мусулмон аз либосҳои исломӣ, аз ҷумла рӯсарию ҳиҷоб поймолкунии ҳаққи онҳо мебошад.

Ин посухи собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар пушидани рӯсарӣ ва ҳиҷоб қатъиян манъ мебошад ва дар Тоҷикистон танҳо як донишкада ва литсеи исломӣ фаъолият доранд, ки ба донишомӯзони худ чунин маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Мақомоти расмӣ борҳо дар ин бора сӯҳбат карда гуфтаанд, бояд донишомӯзон ва толибилмон низомномаи Вазорати маориф ва илм ва худи донишгоҳҳову мактабҳоро, ки пӯшидани сарулибоси ягонаро талқин мекунанд, риоя намоянд. Ба бовари онҳо, чунин тасмим нақзи ҳуқуқи мусулмонҳо набуда, балки ҷорӣ намудани сарулибоси ягона дар донишгоҳҳову мактабҳост.
Мӯҳр
Саидчон
Ахсант бобои Хочи Домулло! Бо хамин кадар махдудияте,ки сари Шумост боз чуръат мекунеду сухани Хакро ба мардум мерасонед. Иллохо садсола шавед. Худованд нигохбонатон бошад Оли ТУРАЧОН.

rtr
Нагузаронед эшонбобохо хукумат зинда аст медонад чи кор кунад шумо аз пушти кори худатон бошед кулли нооромихо аз шумо сар мезанад мардумро игво нандозед!!!!!!!

P R A V I L N O !!!

“Иҷро кардани фарзи Илоҳӣ ва ҳифз кардани номуси исломӣ болотар аз таҳсил кардан дар чунин донишгоҳҳо аст.”

бандаи Аллох
озодагон шумо чи мехохед? Хочи Акбар Турачонзода хак мегуянд фарзи Илохист сатр кардан барои занон

Абдусамад.
Фарзандони мо мусалмонон хусусан духтарону хоҳарони мо инҳо ҳама номусу нанги мо ҳастанд,дахолат ба номусу нанги мо ва бе ҷавобу хомуш мондани мо ин як беномси ва бе ории мо ба ҳисоб гирифта мешавад ва ҳама мо масъул ҳастем ,ки хуқуқу нангу номуси хешро муҳофизат намоем.

Muhlis
Эй Худованди бе нихоят мехрубон Турачонзодахоро дар амонат нигах дор,зеро ин ки тамоми олимони Точикистон метарсанд ки сухани хакро бигуянд ягона ин Турачонзодахо хастанди суханони хакро аз тарики интернет хам пахш мекунанд Худованди мехрубон хамеша Турачонзодахоро сарбаланд бикун омин омин омин!!!

6
Духтарони худашон сатри исломиро кабул намекунанд, барои хамин сатру хичобро манъ карданд, ки духтаронашон бо дидани хамкурси боиффату хичобдораш шарм накунанду хичолат накашанд. Турачонзодахоро Худо хифз кунад.

сафар
Ин эшонбобохо доимо дар бораи либосу сатру.урфу одатхои дини доимо суханхои хубе мегуянд ва ман доимо тарафдори инхо хастам.Вале ман намедонам либоси мазхаби чи хел аст.ва фарки он аз либоси милли точики дар чист? Он чизе ки имруз духтарон мепушанд либоси милли покистону хиндустон хаст ва ин либос аз урен бадтар аст. Лекин маро ачоиб чизи дигар аст ое дар ислом инсон баробари дорад? АГАР БАРОБАРИ БОШАД ЧАРО МУСУЛМОНХО КАМБАГАЛ БИСЬЕР ДОРАНД ВА ХАТТО КАДРИ ИНСОНИ НАДОРАНД.Аз ин эшонхо пурсидани хастам ое инсон бо мехнати халол бой мешавад? Харгиз. Хатто одамони ихтисоси дарачаи оли.олимони ихтирокор.кудрати бой шудан надоранд.Роххои асосси бойшави аввало дуздии моли чамияти ки ба халк таалук доранд ва шахс мансабдор бошад.дуюм аз хисоби маводи муххадар.сеюм аз хисоби сиесати ба ягон давлати бой хизмат кардан.Аз эшонхо пурсиданиям чаро дар бораи чунин боигарихо сухан намегуед? Он маркази савдои шумо ки имруз 1000000 МЛ ДОЛЛАР НАРХ ДОРАД пулаш аз кучо пайдо шуд.чунки шумо ки диндор хастед ва худотарс хастед кредитро намегиред,ки он фоиз дораду харом хаст.

Сино
Субхоналлох! Низомномаи вазорати фарханг ва илм ))) Худи хамин вазорат ба илму фарханг ниёз дорад!

rtr,
Шарм намедори? аз худат ва аз Худо? магар дифоъ аз фарханги худ аз худ гузаштанаст? вакте хамин мисрахоро менависи ту худ дар ихриёри худ нести ба фикри ман. Як бор ба вичдони худ гуш андоз хамавакт аз паси шайтон рафтан хуб нест!

Беном
Худованди таъолло нигахбони шумо барин хакгуюенро дар панохаш нигах дорад.Амин Амин!Нест бод душмани ислом.

Трачонзода рост менуяд касе ки номус дорад бояд духтарашро сари лич мактаб рафтан намонад.
Ва касоне ки намосу хаё надоранд онхо парво надоранд ки дузтаронашон сари луч ба мактаб мераванд ва ё ки барахна.
ва ё бо ки алока мекунанд.
Хукумати мо фикри миллату номусро кай карда аст??
Духтарони Точик дар Истанбулу Дубайу МаскавуиАфгонистон танфуруши мекунанд хамаи коркунони хукумат медонанд пас барои чи пеши рохи он духтарони Точикро намегиранд???

чоп кунед озодагон.илтимос

чавоб
Мухтарам Хочи Турачонзода! Шумо хуб медонед, ки дар донишкадахои оли пушидани руймол ичозат аст вале пушидани русарии ба ном араби мумкин нест. Мушохида карда бошед аз пушидани русарие, ки бо либоси тангдухта ва тамоми бадан намоён ва рангу бор кардани духтархо аз ин пушидан напушиданашон бехтар

шахрванд
Офарин домулло, бе хамин хам занхои точик бисер бо саводу бо марифат мебошанд.ки нахонанд. Сад ахсан барои гапхои бе мантики шумо. О фарзандони моро ки калон кунад, модари бесавод. О мардхои мо дар Руссия кор кунан 0бад дар чумхурии мо ки коркунад агар занхои мо нахонан?
сатр банданду дар кучахо гарданд ин хаст рохи дурусти шумо мегуфтаги о е сатр бандан ва дар бозорхо дар мобайни мардхо бинишинанд
ояндаи халки мо чи мешад. Хамеша пеш аз гуфтор андеша мегуфтан.

Абдуллох
Зинда боши бобои хочи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)