Бахшҳо
24 май 2014 12:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сабқати мошинҳо ва ҳалокати шаш нафар аз як оила

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётии хунин дар ҷануби кишвар, ки 6 кушта аз як хонавода бар ҷой гузоштааст, хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, сабабгори асосии ин садамаи хунини рӯзи 23 майи соли ҷорӣ Далерҷон Боймуродов, сокини 28-солаи ноҳияи Панҷ ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” (рақами давлатиаш ТҶ 76-81 АВ/01) ба шумор меравад.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз сӯи Боймуродов ҳангоми сабқат, автомошинаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш ТҶ 62-08 АК/01, ки таҳти идораи ронанда Умедҷон Эмомов, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе қарор дошт, ба мошини ӯ бархӯрда, зери чархи Камази дар муқобил омада, мемонад.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар ин садама, ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ба миён омадааст, шаш мусофири Мерседеси дуюмӣ, аз ҷумла Фарзона Эмомоваи 26-сола, Рухшона Эмомоваи 27-сола, Парвина Эмомоваи 36-сола ва Беҳзод Ғафурови 6-сола дар ҷои ҳодиса ва Роҳила Ғафуроваи 5-солаю Равшан Эмомови 2-сола, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Умедҷон Эмомов, ронандаи ин автомашина ва Хуршеда Эмомоваи 6-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона мебошанд.
Мӯҳр
musalmon
Аллохи бузург хамаашонро Рахмату Магфират кунад...ОМИН

Ба ахли хонаводаи Эмомовхо хамчун як шахрванде, ки хатто намешиносамашон, хамдарди баён карда сахт таасуф мехурам. Асосан барои кудакони хурдсоли шахидшуда...

Умарали
Ба ахли оилаи Имомовхо хамдардии хешро иброз намуда, барояшон сабри чамил хохонам. Худованд чойи фарзандонашонро чаннат гардонад.Омин.

Хакикатчу
ИННО ЛИЛОХИ ВА ИННО ИЛАЙХИ РОЧИЪУН

Эх Аллохи бузург, ба бокимондаи ахли ин хонавода сабри чамил ато фармо. Хеле дилам сухта реш реш шуд дар вакти хондани ин хабар. Хама фавтидагон чавон буданду эхтимол хаётхои мустакилашоноо нав огоз кардаанд. Ду тифлаки бегунох низ хеле мутаассифам намуд. Худочон хамаи моро дар панохаш нигах дорад, чунки хамаги доимо дар сафар астему чонамон дар даст ба чое рафта меоем.

Самад
ХУДОВАНДО ЧОЯШОН ЧАННАТ ШАВАД.

Саидчон
Иннолиллохи ва инна иллайхи рочиъун.Бародари азиз Чон ва дигар наздикони ин оила ба хамаи Шумо аз даргохи Яздон бароятон сабри чамил мехохам. Худованд ин мусибатро барои Шумо осон бигардонад. Омин_омин.

дахшат, агарчи ман хам ин оиларо намешиносам лекин вакти хондани ин хабар беихтиёр ашк рехтам, сабри чамил хохонам ба ахли ин хонавода,

Худованд ба ахли ин оила сабри чаъмин ато кунад гузаштагони ин оиларо тарикаи рахмат шоистаи чаннат кунад. ОМИН ВА РАБИЛ ОЛАМИН

Аввалан Саломи Худро Мерасонам ВА Худованд Сабри Чамил Ато Кунад Бар Хонаи Гузаштахо Худокунад Ки Чояшон Чаннат Бошад Омин

Мадина
Илохо чояшонро чанат гардонад ва ба бокимондагони ин хонавода сабри чамил хохонам. Хамдардии моро низ кабул фармоед. Яке аз хешовандони хамин хонавода

Abbos
barodar akai Jon va nazdikoni in oilaro az dargohi Alloh sabri jamil khohonam, Hudo joyashona janat gardonad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)