Бахшҳо

Муфтӣ зидди ҳаромкориву исроф дар “Занги охир” сухан гуфт

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар хост, садди роҳи ҳаромкорию исрофкории фарзандонашон дар Рӯзи занги камолот шаванд.

Ӯ рӯзи 23 май, ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, гуфт, дар баробари талошҳои раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фисқу фуҷур ва ҳаромкорию исрофкорӣ дар Рӯзи занги камолот падару модарон низ набояд бетараф бошанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ изҳор дошт, “солҳои пешин мо шоҳиди хароҷоти зиёд ва исрофкориҳо дар ин ҷашн будем, бахусус дар ин рӯз бисёр фисқу фуҷур рух медод. Набояд фаромӯш кард, комёбии фарзанд дар он нест, ки 11 сол хонаду ҷашн гирад ва ба исрофкорию ҳаромкорӣ даст бизинад, комёбии ӯ замонест, ки воқеан хонда бошаду саводу ахлоқи хуб дошта бошад.”

Дар идома Беҳрӯз Сатторов, имомхатиби масҷиди Марказӣ низ дар тақвияти суханҳои Абдулқодирзода гуфт, “ҳамаи мо шоҳиди садамаи маргбору хунин бо иштироки хатмкунандагон дар солҳои гузшта шуда будему аз даст ба худкушӣ задани як донишомӯзи духтар ба сабаби гӯш надодани волидайн ба хостаҳои ӯ дар рӯзи занги камолот хабар дорем.”

Имомхати тоҷик бо зикри ин нукта, ки Занги камолот солҳои охир ба яке аз масоили ташвишовар табдил ёфтааст, таъкид намуд: “Занги камолот ба ин маъно нест, ки мо мошин фармоиш диҳему дар маркази шаҳр бетартибию бенизомӣ кунем.” Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ аз баргузории Занги камолот рӯзи 7 июн дар кишвар хабар дода, ҳушдор дода буд, дар ин рӯз тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст.

Бар асоси иттилои расмӣ имсол дар Тоҷикистон макотиби миёнаро 103 ҳазор нафар хатм хоҳанд кард, ки беш аз 44 ҳазорашонро духтарон ташкил медиҳанд. Соли гузашта иншондод ба беш аз 111 ҳазор нафар мерасид. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, феълан дар кишвар беш 3 ҳазору 826 мактаби таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки Занги камолот ҳамагӣ дар онҳо 45 дақиқа идома хоҳад ёфт. Теъдоди умумии хонандагон беш аз 1 миллиону 715 ҳазорро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Мусулмон
Агар хамин занги охиринро Чаноб манъ намекард, ин муфти кандаша хурда буд, ки дар бораи занги охирин ин хел гап занад. Ин муфти дар хизмати Худо не, дар хизмати Чаноб аст.

T
узум нафам ту малимо ё козиё? ?

мардикор
хак мегуи бародар

Мухтарам муфти агар шумо мегуфтед ки хар сол худуди 60 квотаро барои хач бо нархи 4000 долари фурухтан ин хам исроф аст ва хам харом ман дар хакикат мегуфтам ки шумо аз руи имон ва ислом харф заде. Дар казино ва дискотекахо раксидан ва исроф кардан нею занги охирон харом . Чаро чурат карда хамчун шахси мусалмон дар бораи дискотекахо ва аракнуши ва бехичоби ва урёнгврдии занон изхори назар намекунеду дар бораи занги охирин ? Маълум аст дигар чун ин сухан аз забони (ЧО) баромадааст.

Сино
Ту аввал рав хатохои кардагии шаръита ислох кун бад биё мора ба рохи рост хидоя кун! Агар масчихои баста ва Муллохои махкам кардаатро озод накуни мо дар пешгохи Худо аз кашталат мегирем!!! Апай Мукарам пешво не чосус аст!

сино кулоби
Муфти бехтараш сухан нагуй дар Точикистон кам одам ба харфхои ту гуш медиханд чунки ба ту ихлос надоранд. Аслан ба ту фарк надорад мардум туро гуш мекунанд намекунанд мухим чанобат "призидент" рози бошад чунки лозим шавад мачбури бо Армия суханатро ба одамон чо мекуни.

мардикор
боинхел хелахо дигар обуруй гирифта намешавад ин мансаб барои хамин мардак чи лозим бошад йо тавба

барои чи дар ТОчикистони мо дини Христианиро пахн ва даъват кардаистодаан якас онхоро намегуяд аммо мулло гап занад мегуянд нотугри!муфти аз пушти эмон бишав ки окибат чавобгари дорад ин хама!
Аз Худо битарс!

духтари шахри
хар сол дар мактаби мо занги камолот бо дабдаьа мегзашт хайрия ки дар кишвари мо я одами хубам будай барои ин гапо дика метан соли гущашта хатм кунандахо дах сумаги партофта хайрият ки имсол як сума напартофтем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)