Бахшҳо
23 май 2014 18:38Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари Раҳмон бо баъзе вазирону раиси Суғд ба Беларус

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари расмӣ баъди зуҳри 23 май озими Беларус шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода -- ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Шариф Раҳимзода -- вазири рушди иқтисод ва савдо, Қосими Роҳбар -- вазири кишоварзӣ, Шавкат Бобозода -- вазири саноат ва технологияҳои нав, Абдувалӣ Комилзода -- раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Асадулло Раҳмон -- раиси Кумитаи телевизион ва радио, Маликшо Неъматов -- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур ва вазирону баъзе кумитаҳои кишвар чӣ масоили муҳиме баҳс хоҳанд шуд. Аммо қаблан масъулони сафорати Беларус дар Душанбе эълон карда буданд, ки оқои Раҳмон бо ҳамтои худ Александр Лукашенко гуфтугӯ анҷом дода, имзои чанд қарордод дар бахшҳои тиҷорату фарҳанг ва ҳамкориҳои минатқаӣ дар назар аст.
Мӯҳр
Барои мо чи фоида озими Беларусия меша ё ай дигарш.

мах
Ягон мамлакати дигар набуд?

Чи масоили муҳим мешуд? Аз Лукашенко фақат як дарс гирифтан мумкин. Дарси пахш намудани демократия, афкори демократӣ ва садоқат ба русу Русия.

Ному насаби вазирон хама точкона зебо шудааст ку, пас чаро ба мардуми оди имкон нест ки чунин насабхои точикиро интихоб кунанд?

сино кулоби
Хар сол дар кишвар дар хамин мавсим хунрези сар мешавад у бошад гуе хеч вокеъа рух надода бошад мамлакат ба малакат мегардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)