Баҳси муҳоҷират, фолбинӣ ва “Пуст говорят” дар намози Ҷумъа
Беҳруз Сатторов, имомхатиби тоҷик зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе аз афзоиши пошхурии хонаводаҳои тоҷик изҳори нигаронӣ карда, фолбинию муҳоҷират ва шаробнӯширо омилони асосии ин зуҳурот арзёбӣ намуд.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳамасола бо ғамхории раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳисоби ҳукумат садҳо ҷавон хонадор мешаванд, вале бо гузашти андак вақт дубора аз ҳам ҷудо мегарданд. Ин руҳонии тоҷик аз ҷавонон даъват кард, ки ба ғамхории раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон беэътиноӣ накунанду ба қадри оила бирасанд: “Агар онҳо бо қудрати худ хонадор шудан хоҳанд, то як солу ду сол ё се сол соҳиби оила намешуданд. Аз ин рӯ, набояд куфрони неъмат кард!”
Домулло Беҳрӯз дар қатори сабабҳои азҳампошии оилаҳои тоҷик аз ҷумла муҳоҷирати мардонро ном бурда, аз Саидов, муҳоҷири тоҷик зикр намуд, ки дар барномаи “Пуст говорят” тариқи телевизиони русӣ аз оилаи тоҷикаш рӯй гардонд: “Ҳамаи мо дидем, ки чӣ гуна марди тоҷик бо вуҷуди доштани оила дар Ватан тариқи телевизион инкор мекунад, ки ман дар Тоҷикистон зану фарзанд ё падару модар надорам. Ҳатто дар рӯбарӯи пайвандонаш мегӯяд, инҳо аз ман нестанд.”
Омили дигари афзоиши вайроншавии оилаҳоро Беҳруз Сатторов шаробнӯшӣ гуфт: “Баъзе аз бародарон вақте шаробро менӯшанд, дигар намедонанд, чӣ гуна муносибат кунанд. Ба хона омада камбудии занро меҷӯяду ба ӯ садҳо таъна мезанаду Худо накунад, агар зани бечора садо баланд кунад, сару чеҳраашро сиёҳ мекунад.” Бо зикри пайомадҳои манфии истеъмоли шароб Сатторов таъкид намуд, “агар ин шароб ҳалол мешуд, ҳеч гоҳ Худованд онро ҳаром эълон намекарду ба дурӣ ҷустан аз он даъват наменамуд.”
Фолбинҳоро ин имомхатиби тоҷик аз дастандаркорони дигари азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон унвон кард: “Рӯзҳои чоршанбе бархе аз занон коре ҷуз рафтан ба назди фолбин надоранд. Набояд фаромӯш кард, ки фолбин агар аз сад суханаш як суханаш рост ояд, боқияш ҳама дурӯғ мебошад. Гапи асосии ин фолбинҳо ба занҳо ин аст, ки ҳамсари Шумо дар фикри зани дигар аст ё дигар..., ки ин ҳама боиси пошхурии оилаҳо мешавад, чун занҳо гапи онҳоро ба осонӣ қабул мекунанд.”
Имомхатиб сабаби дигари ҷудошавии оилаҳои навбунёдро дар дахолати бузургони хонавода ба умури зиндагии онҳо ҳисобида, аз волидайн ва калонсолон дар оила даъват кард, ки ба зиндагии шахсии ҷавонон дахолат накунанд. “Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки духтару писар мехоҳанд бо ҳам зиндагӣ кунанд, вале бузургони оила ба ин роҳ намедиҳанд, ки ин амал бисёр кори гуноҳ мебошад. Ин як ҷиноят аст, халал ворид кардан ба зиндагии як шахс, ҷуз бароварда кардани хостаҳои шайтон чизи дигаре нест.”- афзуд ӯ.
Ин ҳарфҳо дар ҳоле аз сӯи руҳонии тоҷик садо медиҳанд, ки ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар кишвар хабар дода буд. Ба иттилои расмӣ дар давоми соли 2013 ҳашт ҳазору 194 ҳолат пошхурии оила ба қайд гирифта шудааст, ки ниасбат ба соли 2012 зиёд мебошад. Ин нишондод дар соли 2012 ҳафт ҳазору 608 ҳолатро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |