Интиқод аз кори пулис ва худсариҳои сокинон дар мулоқот бо раис
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки дар ҳузури намояндагони мақомоти пулису амният сурат гирифтааст, сабаб ва пайомадҳои тирпарронии маргбори рӯзи 21-уми майро дар Хоруғ баррасӣ кардаанд.
Тавре яке аз иштирокдорони мулоқот хабар дод, зимни ин дидор эътироф шудааст, ки амалиёт барои боздошти гумонбарон дар қочоқи маводи мухаддир ғайриҳирфавӣ ва ба хубӣ фикр нокарда, гузаронда шудааст. Бо вуҷуд таъкид гардидааст, ки ин ба ягон кас ҳақ надодааст, ки бинои додгоҳ, додситонӣ ва пулисро оташ зананд.
Ба иттилои манбаъ Абдулло Навҷувонов дар ин мулоқот даъват кардааст, ки зимни муҳокимаю баҳогузориҳои ҳаводиси Хоруғ бояд эҳтиёткор буд, то барои нерӯҳои манфиатҷӯй замина барои ноором сохтани минтақа ва иғвоангезӣ дода нашавад.
Навҷувонов зикр кардааст, ки қазия аз боздошти сокини Шуғнон Ширинбеков Ширинбек дар ноҳияи Ванҷ бо 16 кило бангдона оғоз шудааст, ки тибқи нишондоди ӯ ин маводи мухаддир ба Шанбиев Мунаввар тааллуқ доштааст. Зимни амалиёти боздошти Шанбиев тирпарронӣ сурат гирифтааст, ки бо марги се нафар ва ҷароҳати чанди дигар анҷомидааст.
Иштирокдорони мулоқот қарор кардаанд, барои баҳогузории сатҳи гунаҳкории ҷонибҳо комиссияи махсус таъсис дода шавад ва барои ором сохтани вазъ фаъолони минтақа дар маҳаллаҳои Хоруғ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Акс аз сомонаи "impuls-kalam"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |