Бахшҳо

Додситони кулл: Қазияи Ҳусайнӣ дар Хоруғ омили ҷиноӣ надорад

Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи латукӯб ва монеаэҷодкуниҳоро зимни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумони кишвар дар Хоруғ омухта, ба хулосае омадааст, ки ин ҳодиса омили ҷиноӣ надорад.

Дар посухи расмӣ, ки Додситонӣ ба Ҳусайнӣ ирсол кардааст, аз ҷумла омадааст, "иштирокчиёну шоҳидони муноқишаи рӯзи 28 апрели соли 2014 дар шаҳри Хоруғ пурсида шуда, бинобар набудани аломатҳои таркиби ҷиноятоғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд.”

Дар ҳамин маврид Сайидумар Ҳусайнӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки аз ҷавоби додситонӣ огоҳ буда, ҳамакнун мунтазири посухи Маҷлиси Намояндагон хоҳад шуд: “Воқеан дар кишвари мо як инсоне аз сари роҳ метавонад чизе бигӯяд, ӯро эҳтиром мекунанд. Аммо вақте ба вакил монеа эҷод мекунанд, ҳарфашро задан намегузоранд ин арзише надорад. Ман ҳайронам, ки Додситони кулл дигар аз кӣ баёнот гирифту, онҳо чӣ гуфтанд. Чунки дар баёноти худ ман ва ҳамроҳонам асли қазияро гузориш дода будем. Ба ҳар сурат ман мунтазири ҷавоб парлумон мешавам, то бибинам, ки Маҷлиси намояндагони вакили худро чӣ қадар эҳтиром мекунад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ изҳори тааҷҷуб аз он намуд, ки чӣ гуна Додситонии кулл мегӯяд, ки дар он ҳодиса амали ҷиноят набуд, вақте, танҳо эҷоди монеа барои барои паёмрасонии вакили парлумон нақзи моддаи 19-и Сарқонун мебошад.

Масъулини дордситонии кулли кишвар гуфтаанд, ки ҳамчунин ба раиси парлумон-Шукурҷон Зуҳуров маълумот дар мавриди санҷиши дархости вакили мардумиро ирсол кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки 28-уми апрел Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон барои шарҳи паёми солонаи президенти кишвар ба вилояти Бадахшон сафар намуд. Дар Бадахшон раиси мақомоти маҳаллӣ вакили мардумиро напазируфта, барои баргузор нашудани мулоқоти ӯ бо интихобкунандагон монеа эҷод гардидааст. Дар натиҷа барои ҳузури Сайидумар Ҳусайнӣ гурӯҳе аз мардум дар дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ сару садо баланд карда, Шоҳнаими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки вакили мардумиро ҳамроҳӣ мекардааст, латукӯб намудаанд.

Шукурҷон Зуҳуров аз додситони кулли кишвар талаб карда буд, то ҳодисаи мазкур таҳқиқ шавад.

Қаблан дар ин робита Вазорати умури дохилӣ иттилоия пахш карда, изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ ба Хоруғ миёни ӯ ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”, навишта буд торнамои ВКД.
Мӯҳр
Рустам
Барои таргиби Паём рафта разбори пули обулой кардаро дидаанд, ки бояд дар ходисахои соли 2012 -и Хоруг ба нахзатихо таксим мешуд. Аммо Хусайни пулро он вакт надодааст. Прокуратура бояд худи Хусайниро мучозот кунад, ки аз хисоби пули парламент командировка рафта дар офиси нахзат чаласаи разбор кардааст.

.
Хамин Булбулови провкаторро як бало карда ба душанбе даъват бикунед

Асадулло
О чи хел омили чинои надорад, инсоф пинсоф хай ми, кабулаш накарданд, обруяшро бурданд, сараш муташаккилона ва бо маслихати пешаки бо мансабдорони игвогару бесавод хамла карданд, ронанда писарашро зада гарки хун карданд ва Хусайни чолоки карда худаш сари рул нишаста намегурехт, аник зада мекуштанд. Хусайни шахси баландмакоми сиёси ва давлати хисоб мехурад, вакили Мачлиси Намояндагон дар хонаи миллат ва муовини аввари раиси хизби бонуфузи кишвар, чи хеле ки набошад. Прокуратура мутаассифона фахмида мешавад, ки мустакил нест ва волоияти конун ва хифзи озодиву хукукхои шахрвандонро химоя намекунад. Ин коратон хуб не рафикон, мансаби чиркин аз сари хама мемонад, конунро пуштибони кардан даркор на супориши шахсони алохидаи манфиатчуро.

Рустам
"Воқеан дар кишвари мо як инсоне аз сари роҳ метавонад чизе бигӯяд, ӯро эҳтиром мекунанд. Аммо вақте ба вакил монеа эҷод мекунанд, ҳарфашро задан намегузоранд ин арзише надорад".

Мухтарам Сайидумар Ҳусайнӣ, аввал ин ки хамон инсони сари рох, ки Шумо бо хамин доноиатон, нисбаташ беэътинои карда истодаед, шояд, барои он ки шумо депутат шуда, аз тамоми имтиёзхои ба депутатхо дода, истифода баред, ба Шумо овоз дода бошад. Илова бар ин кайд кардан зарур аст, ки махз ана хамон инсонхои сари рох тибки конун интихобкунандагонанд, ки бе онхо хамаи Шумо депутатхо хечед, хайфи Шумо барин сиёсатмадор, ки ба чунин инсонхои сари рох тамоман ахамият надода факат дар бораи кисса ва обуруятон фикр карда гаштаед. Ба рости ки аз хамин ХНИТ низ дилам монд. Магар сиёсатмадор чунин мешавад?

Домулло
"Мӯҳтарам" Умаралӣ ва дигар наҳзатиҳо, ин ҳиллаи худрекламакуниатон дар Хоруғ натиҷа надод, ягон ҳиллаи дигарро дар минтақаи дигари Тоҷикистон ба кор баред, вой нашуд, ки нашуд.

SHOHID
salom ozodagon: ba dodsitony kul guftaniyam,ki mrdum az shumo umedham nadosht va az in pas noumed hahad mond. Mo hamonlahza medonistem khulosai shumoro. Metavoned korgohtona band karda rafta dam gired az shumo hej foidae nest

Бардам
Хар коре ки бо дастури амнияту милиса мешавад он амал чиноят нест Вакте як вакили парлумон тахкир мешавад, ва он чиноят дониста намешавад, пас оянда интизор бошед ки ин коратон чи кадар бар зараратон тамом мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)