Дарёфти ҷасад бо ним кило маводи мухаддир дар меъда
Ҷасади як нафар сокини 36-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ аз ҷўйи обгузари рўди ҷамоати Оббурдони ҳамин ноҳия дарёфт карда шудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Акбар Шарифов – сухангўи Раёсати корҳои дохилаи Суғд, иттилоъ дод, ҳарчанд дар ҷасади М.С. аломатҳои марги маҷбурӣ набуд, аммо баъди ташхис муайян карда шудааст, ки дар меъдаи ҷасад 93 ғилофаки дорои маводи мухаддир, ки ҳамагӣ 450 граммро ташкил медод, мавҷуд будааст ва сабаби марги ҷасад низ ҳамин маводи мухаддир дониста мешавад. «Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони милиса ҳаммаслакони ҷасад низ муайян карда шуда, ў низ як нафар сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, соли таваллудаш 1981 мебошад, ки феълан дастгир карда шудааст»,- афзуд манбаъ.
Зимнан, Акбар Шарифов гуфт, дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ бояд ҳамон маводро ба хориҷа интиқол медодаанд, вале баъди фурў бурдани ғилофакҳо ҳолати шахси вафоткарда вазнин мешавад ва нафари дигар мехоҳад, ҳаммаслаки худро ба беморхона дастрас намояд. Лек, дар роҳ ҷабрдида вафот мекунад, баъд А.А. он ҷасадро ба ҷўй мепартояд. Ҳоло аз рўйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |