Баҳси корбарон ва пешниҳод барои роҳ надодани Ҷураев ба Тоҷикистон
Сафари Шералӣ Ҷураев, овозхони узбак баъд аз таронаи зидди “Роғун”-аш ба вилояти Суғд бо вокуниш ва баҳсҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.
Ин баҳсҳо миёни корбарони тоҷик дар ҳоле ба миён омадаанд, ки масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд аз баргузории консерте бо ҳузури овозхони узбак ва Афзалшоҳи Шодӣ, сарояндаи машҳури тоҷик, ки ӯ низ таронаеро дар бораи ватани тоҷикон будани Самарқанду Бухоро “алайҳ”-и Узбакистон хондааст, хабар медиҳанд.
Ҷамила Ҳусейнова, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, барои ӯ хеле ҷолиб аст, бидонад, ду сарояндаи машҳур, ки алайҳи сиёсати давлатҳои якдигар суруд хондаанд, дар ин консерт бо ҳам чӣ таронаеро замзама мекарда бошанд: “Таблиғҳои ин консертро дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшани Суғд дида, тааҷҷуб кардам, акнун, яке ки зидди Роғун мехонду дигаре ба тарафдории он, дар консерти якҷоя чӣ мехонда бошанд!?”
Марди Роҳ, корбари дигари тоҷик аз ҳамаи сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, дар эътироз ба таронаи ин сарояндаи узбак алайҳи Роғун консерти ӯро “таҳрим” кунанд: “Ба консерти ӯ наравед, тоҷиконро паст мезанад, таҳқир мекунад, аз ин рӯ наравед ба консерташ!” Дар ҳамин ҳол, яке аз корбарони дигар бо номи Носирҷон Маъмурзода, пешниҳод кардааст, вуруди ин сарояндаи узбак ба хотири зидди манофеи сокинони Тоҷикистон тарона сароиданаш манъ карда шавад. Ӯ мегӯяд, “ҳарчанд ҳунари нотакрори Ҷураевро эътироф ва эҳтиром мекунам, аммо барои Ҳунарманди мардумии СССР сурудани таронае монанди Роғун кори хуб набуд ва аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ба Шералӣ Ҷӯраев иҷозаи вуруд ба Тоҷикистон дода нашавад!”
Дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ торнамои Darakchi.uz аз суруда шудани таронае алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон аз сӯи Шералӣ Ҷӯраев хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, матни таронаи мазкур ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Ин торнамо дар идома навишта буд, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад. Чун ба қавли Тошканд дар сурати бунёд шудани ин неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт.
Каме баътар Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, писари сарояндаи узбак дар суҳбат бо бахши узбакии радиои Озодӣ хонда шудани чунин як таронаеро аз сӯи падараш такзиб карда, гуфт, ба падараш пешниҳод карда будаанд, ки ин таронаро сарояд: "Барояш ин пешниҳод аз тарафи як эҷодкор шуда буд. Аммо рад шуд." Вале дере нагузашта шакли аудиоии таронаи баҳсбарангези Шералӣ Ҷӯраев вориди саҳифаи Ютуб гардид.
Масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд рӯзи 22 май ба “Озодагон” гуфтанд, як соҳибкори истаравшанӣ барои баргузории тӯи худ овозхони маъруфи узбак -- Шералӣ Ҷӯраевро даъват кардааст. Манбаъ меафзояд, дар ин маросим Афзалшоҳи Шодӣ низ даъват шудааст. Ба қавли масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Шералӣ Ҷураев бо даъвати яке аз тоҷирони ин минтақа бариои иштирок дар туйи арисии писараш вориди Тоҷикистон шуда, қарор аст, 31 майи соли равон дар маркази шаҳри Истаравшан, воқеъ дар тарабхонаи “Ситораҳои Шарқ”, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, консерти муштаракеро бо Афзалшоҳи Шодӣ баргузор кунад.
Аммо баъди нашри ин хабар ҳукумати шаҳри Истаравшан бо пахши иттилоияе хабари даъват шудани овозхони узбак ба ин шаҳрро такзиб карда, гуфт, ӯро ҳеч соҳибкоре даъват накардааст. Бо ин ҳол, аксҳои таблиғотии консерти муштараки овозхонӣ узбак, ки дар даромадгоҳ ва бархе хиёбону кучаҳои шаҳри Истаравшан насб шуда буданд, ногаҳон ғайб задаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |