Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҳукумат: Ягон соҳибкор Ҷӯраевро ба Истаравшан даъват накардааст
Ҳукумати Истаравшан мегӯяд, ягон соҳибкори ин шаҳр овозхони узбак, Шералӣ Ҷӯраевро, ки ахиран алайҳи Роғун суруд хонд, ба тӯйи арӯсияш даъват накардааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии Истаравшан аз қавли мудирияти тарабхонаи “Ситораи Шарқ”, ки тибқи хабарҳо Ҷӯраев бояд дар он ҷо овозхонӣ мекард, ин хабарро беасос хонд. Ба иттилои манбаъ 31 май дар тарабхонаи “Ситораи Шарқ” тӯйи хонадоршавӣ бо иштироки овозхони маҳаллӣ Шариф Сангинов дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, як соҳибкори истаравшанӣ барои баргузории тӯи худ овозхони маъруфи узбак -- Шералӣ Ҷӯраевро даъват кардааст. Манбаъ меафзояд, дар ин маросим Афзалшоҳи Шодӣ низ даъват шудааст.
Мусоҳиби мо илова кард, баъд аз тӯйи хонадоршавӣ, дар назар аст 31 майи соли равон дар маркази шаҳри Истаравшан, воқеъ дар тарабхонаи “Ситораҳои Шарқ”, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз кӯдакони ятиму бепарасторро хатнасур карда буд, консерти ин ду сароянда баргузор гардад. Арзиши билет ё чиптаи ин консерт то 300 сомонӣ гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сарояндаи машҳури Узбакистон – Шералӣ Ҷӯраев, алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон, ки ба қавли Тошканд дар сурати бунёдашон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт, таронае иҷро карда буд. Тибқи иттилои торнамои «Darakchi.uz», матни ин тарона ба қалами Мирзо Иқбол – шоири узбак, тааллуқ доштааст, ки он аз «таҳдидҳо»-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |