АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ
Давид Ниёзбеков, корманди Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ, ки дар тирпаронии рӯзи 21 май маҷруҳ шуда буд, субҳи 22 май даргузаштааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, хабар дода, аз қавли табибон вазъи маҷруҳони дигарро вазнини муътадил арзёбӣ намуд. Ба ин тартиб, бар асоси иттилои расмӣ теъдоди фавтидагон дар пайи тирпаронии Хоруғ ба 3 нафар расид.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳангоми боздошт аз тири пулис Собир Худоихонови 38-сола, истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Гавҳар Ашӯров -- коромӯзи шуъбаи умури дохилӣ дар маркази вилояти Бадахшон ба ҳалокат расидаанд.
ВКД мегӯяд, тирпарронӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомот талош намуд ба гумони қочоқи маводи мухаддир Мунаввар Шанбиевро, ки савори “Ҷип”-и сиёҳ будааст, боздошт намояд. “Аммо Шанбиев автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони ШКД ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Собир Худоихонов ва Фрайдун Абдурасулов, сокинони шаҳри Хоруғ бо истифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷа ду корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков ва Хушвахт Кушанбеков, инчунин, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев захмдор мешаванд. Дар пайи ин ҳодиса бо нишони эътироз сокинони маҳаллӣ гирдиҳам омада, бинои додситонӣ, додгоҳ, мақомоти умури дохилӣ ва чанд мошини хизматиро оташ задаанд.
Феълан барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи махсус аз ҳисоби мақомоти умури дохилӣ, додситонӣ ва кумитаи амният таъсис дода шудааст.Аксҳо аз сафҳаи фейсбукии Pamir-News
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |