Аз кор мондани дили халабони “Тоҷик Эйр” ҳангоми парвоз ба Маскав

Масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” тасдиқ намуданд, ки рӯзи 15 майи соли ҷорӣ як ҳавонаварди ин ширкат ҳангоми парвоз ба Маскав бар асари сактаи қалб дар ҳавопаймо фавтидааст.
Лола Кенҷаева, сухангӯи “Тоҷик Эйр” ба “Озодагон” гуфт, ҳавонаварди марҳуми ширкаташон Александр Жобин, ба сифати мусофир рӯзи 15 май барои такмили ихтисос ба Маскав парвоз дошт, ки дар фазо дар қаламрави Қазоқистон бар асари сактаи қалб даргузаштааст: “Александр Жобин рӯзи фавташ сари адои вазифа набуд ва ҳамчун мусофир сафар дошт. Чанд лаҳза пеш аз фавтидан мегӯяд, худамро бад ҳис дорам. Баъд аз ин чашмонашро мепӯшаду дигар ҳаракат намекунад.”
Дар мавриди назорати сиҳатии ҳавонавардони “Тоҷик Эйр” Кенҷаева илова намуд, "ҳар як халабони мо зуд-зуд аз ташхиси духтур мегузарад. Пеш аз ҳар як парвоз аз ташхиси духтур гузашта, иҷозат мегиранд.”
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои қазоқӣ аз қавли Андрей Шестаев, муовини раҳбари фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Оқтоба (Актюбе) хабари марги Жобинро пахш карда, афзудаанд, ӯ фармондеҳи ҳайати эҳтиётии халабонҳои “Тоҷик Эйр” будааст: “Вақте ҳавопаймо дар Қазоқистон фуруд омад, Жобин алакай мурда буд.”
Ташхис сабаби марги ин халабони 56-солаи “Тоҷик Эйр”-ро сактаи қалб гуфтааст. Ӯ алакай дар зодгоҳаш дар Волгоград ба хок супорида шудааст. Масъулин мегӯянд, зимни ин қазия дигар ягон нафар аз 196 мусофири ҳавопаймо зарар надидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” барои сарфаи маблағ ва хариди сӯзишвории нисбатан арзон дар Қазоқистон фуруд омада, баъд аз гирифтани сӯзишворӣ парвозро идома медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |