Ҳамлаи интиҳорӣ дар Урумчи ҷони даҳҳо нафарро гирифтааст
Дар шаҳри Урумчи, маркази маъмурии ноҳияи мухтори Шинҷони Чин дар пайи як амали интиҳорӣ беш аз 30 нафар кушта шудаанд.
Хабаргузории “Синхуа” навишта, ду мошин ба ҷое ки теъдоди зиёди одамон қарор доштанд, ҳаракат намуда ва яке мунфаҷир шудааст. Оҷонсии хабарии “Рейтер” аз ҳалокати 31 тан ва маҷруҳ шудани беш аз 90 кас хабар медиҳад.
Алъон, дар мавриди аз ҷониби кадом гуруҳ ва бо чӣ ҳадаф анҷом шудани ин ҳамла маълумоте ироа нашудааст.
Шинҷон маҳалли аслан мусалмоннишини ҷумҳурии мардуми Чин мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |