Эълони ҳолати омодабош дар шуъбаҳои КҲФ-и Тоҷикистон
Кумитаи ҳоллатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли сар задани офатҳои нави табиӣ дар кишвар ҳушдор додааст.
Ин ниҳод бо такя ба иттилои идораи обуҳавошиносӣ таъкид намудааст, ки имрӯз 22 май дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, шабона боришоти сахт, дар баъзе минтақаҳо раъду барқу жола ва эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти ин аз шаҳрвандон ва меҳмони кишвар даъват кард, ки аз сафар тариқи роҳҳои монеадор ва аз шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.
“Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки наздикону пайвандони хешро дар назорат гирифта, ба ин васила барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш муосидат намоянд. Дар ин рӯз ҳайати шахсии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар шаҳру вилоятҳои кишвар ба ҳолати омодабошӣ гузаронида шуданд”-афзуд Ориф Нозимов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |