Бахшҳо

ВКД ҷузъиёти тирпаронии Хоруғро шарҳ дод ва гуфт, “2 нафар ҳалок шуданд”

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши иттилоияе ҳодисаи тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ дар Хоруғро шарҳ дода, иллати сар задани онро боздошти афроде номидааст, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд. Ба қавли масъулони ин ниҳод, дар пайи тирпаронии рӯзи чоршанбе Собир Худоихонов, сокини Хоруғ ва Гавҳар Ашӯров, коромӯзи Шуъбаи умури дохилии маркази вилояти Бадахшон, ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон бохтаанд.

ТИРПАРОНИИ 21 МАЙ

Дар иттилоияи ВКД тафсилоти ҳодиса чунин омадааст:

“Рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ Ширинбек Ширинбеков, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 16 кило («ҳашиш» ва «бангдона») дастгир гардида, нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ӯ дар нишондодаш баён кард, ки як ҳафта пеш шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ ин миқдор маводи мухаддирро дода фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад, ки ӯро дар он ҷо интизор мешаванд.

Нишондоди Ширинбеков пурра дар рафти тафтишот ба навор гирифта шуда, ӯ дар ҳузури ҳимоячӣ ва холисон пурсида шудааст. Рӯзи 21 майи соли 2014 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Бахтидавлатов Б. мехоҳад Мунаввар Шанбиевро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд.

Рӯзи 21-уми майи соли 2014, соатҳои 11-и рӯз Шанбиев бо ду нафар ҳаммаслаконаш аз назди бинои Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тарафи Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ бо ҳамон автомашинаи тамғаи «Ҷип»-и сиёҳ ҳаракат менамояд. Гурӯҳи оперативии Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ мехоҳанд, ӯро манъ намоянд.

Аммо Шанбиев автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони Шўъбаи мазкур ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Собир Худоихонов, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Фрайдун Абдурасулов, соли таваллудаш 1974, сокини шахри Хоруғ бо истифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди Шўъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков ва Хушвахт Кушанбеков, инчунин, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев захмдор мешаванд. Бинобар ҳамин, кормандони милитсия аз яроқ оташ мекушоянд. Дар натиҷа, Собир Худоихонов ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ карда мешаванд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса омада, аввал автомашинаи хизматиро ва баъдан бинои Шўъбаи ВКД, Прокуратура ва Суди вилоятро оташ мезананд, ки дар биноҳои мазкур сӯхтор ба амал меояд. Ҷамъомадагон муддати 3-4 соат автомашинаҳои оташхомӯшкуниро наздик омадан намемонанд.

Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шўъбаи ВКД-и ш.Хоруғ, коромӯзи шўъбаи мазкур Ашӯров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ ҳалок гардид.

Аз тарафи Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ гурўҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, барои тафтиши ҳодисаи номбурда сафарбар карда шудааст.”
Мӯҳр
ba tarafi milisaho tir xoli kardand???o gufta buded ki hama yarokoshona xalk suporida budku.in guruhoro bo rohbaroshon nest kuned.

беном
Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шўъбаи ВКД-и ш.Хоруғ, коромӯзи шўъбаи мазкур Ашӯров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ ҳалок гардид.
мухтарамхо вакте дуругро менависед як хеле нависед, ки аккалан ба худатон хандаовар набошад

Салим
Ино хам аз бендерои укр ёд гирифтанд. "Коктейл Молотова"-ро пешаки тайёр карда будаанд. Ман нафахмидам чинояткора дастгир карданй мешаванд, чавонон куча мебаоянд. Демократияи куча дар ходисахои Украина тамом шуд. Маълум ки пешакй пул дода таёр кардаанд, онхоро. Хукуматдорй ин хел нашудаст. И хед гирем кулобиё хам баромада Ёкуба Гафора озод кунед, гуян.
Конун ва риояи он чи мешавад?

мухтарам рузноманигорон шумо аввал масъулияти касби дошта бошед хисси баланди милли дошта бошед барои ду се нотавонбин худатонро нафурушед сиёсати имрузаи давлатро хамачониба дастгири намоед зеро ки тинчию амони гаронбахотарин сарват ба хисоб меравад.

Адл Москва
Ана ин гапи дигар. Хаминро барвакт менавиштед, намешуд. Аз гапхои гайри расмиро хондан безор шудем. Акнун фахмидем, ки барои чи Хоругихо чамъ шуда будаанд. Онхо магар чинояткоронро химоя кардани шудаанд? Чи онхо конунхоро риоя намекунанд,ми? Наход, ки нашъачаллобонро мардум химоя кунад. Тавба, сад тавба. Охир, мегуянд дар Точикистон, бар зидди нашъачаллобон хама мубориза мебаранд, ин дар Хоруг хамин хел мубориза будааст,ми? Тавба.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)