БАҲСҲОИ ПАРЛУМОНӢ: Домоди президент, грант ва Шодӣ Шабдолов (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР
Парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 май созишномаи грантии “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз”-ро миёни ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) тасвиб кард.
Ҷамоллидан Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ гуфт, ҳазинаи умумии созишнома 11,8 миллион долларро ташкил дода, 10 миллионаш ёриҳои Бонки Осиёи Рушданд. Ба қавли Нуралиев, муҳлати амалишавии тарҳ 5 сол буда, маблағи ин созишнома барои таъмини шаҳрвандон бо барқ ба воситаи харидорӣ ва насби фанновариҳои каммасрафи барқӣ харҷ хоҳад шуд.
“Дар доираи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” созмонҳои молии “Имон-Интернешнл” ва “Арванд” ба соҳибкорони ватанӣ, ба хусус, занҳои минтақаҳои кӯҳистон ба миқдори аз 500 то 2 ҳазор доллар қарзҳо ҷудо мекунанд. Ҳамчунин, қисме аз ин маблағ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва нерӯгоҳҳои офтобӣ равона хоҳад шуд”,-афзуд муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон.
Шодӣ Шабдолов, роҳбари Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, дар ҳошияи суҳбатҳои Ҷамолиддин Нуралиев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки на ҳама нерӯгоҳҳои хурди бунёдшуда аз ҳисоби грантҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиянд. Шабдолов таъкид дошт, “вақти бунёди ин нерӯгоҳҳо мегӯянд, фанновариҳо аз Олмон, Шветсария ва ё Хитой ҳастанд. Мо тафтиш кардем, ки аз 310 нерӯгоҳ танҳо 10 нерӯгоҳ ба стандарт мувофиқ асту бас. Боқимонда қисман ва ё комилан ба талабот мувофиқ нестанд.”
Раҳбари Ҳизби коммунист пешниҳод кард, замони гирифтани қарзҳо масъулин бояд риояи стандартро талаб кунанд: “Агар ин татбиқ нашавад, боз фасод мешавад. Онҳо маслиҳат мекунанд ва грантҳоро дар “киса” мегузоранд. Баъд аз 2-3 моҳ мебинем, ки нерӯгоҳҳои хурди бодӣ, офтобӣ ва ё обӣ аз кор мемонад.” Ҷамолиддин Нуралиев ин гуфтаҳои Шодӣ Шабдоловро дастгирӣ намуда, афзуд, Бонки Осиёии Рушд ин навбат созмонҳои қарздиҳандаро аз рӯи 12 нишондод интихоб кардаанд, ки аз миёни 116 ташкилот, “Имон-Интернешнл” ва “Арванд” ба он ҷавобгӯ ҳастанд.
“Ман мефаҳмам, ки дар сатҳи макроиқтисодӣ мо бояд мушкили нерӯгоҳҳои хурдро ҳал кунем. Кӯшиш мекунам, эродҳои вакилро ба масъулини амалисозии ин созишнома расонам”,-илова кард ӯ. Муовини аввали вазири молия гуфт, сарчашмаҳои грантӣ беохир набуда, аз ҳисоби беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, дастрас шудани грантҳо метавонад коҳиш биёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |