Тасарруфи Юмгони Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз сӯи Толибон

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, вулусволии Юмгони вилояти Бадахшони ин кишвар, ҳаммарз бо Тоҷикистон, таҳти тасарруфи Толибон қарор гирифтааст.
Наврӯз Муҳаммад Ҳайдарӣ, вулусволи Юмгон гуфтааст, аз соати 10-и субҳи рӯзи 20 май ба ин сӯ ин минтақаи Афғонистон таҳти раҳбарии Толибон қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи Толибон 10 сарбози афғонро асир гирифта, беш аз 46 нафари дигар дар муҳосира қарор доранд.
Муҳаммад Ҳайдарӣ сабаби аслии таҳти тасарруфи нерӯҳои Толибон қарор гирифтани Юмгонро сари вақт нарасидани кумаки низомӣ ба маъмурини амниятии ин минтақа унвон кардааст: “Ҳашт моҳ мешавад, мо дар муҳосираи Толибон қарор доштем, бо кумакҳои Вазорати умури дохилӣ то ин дам бо ҷанговарони ин гуруҳ мубориза бурдем, аммо ба хотири сари вақт нарасидани ёрии низомӣ Юмгонро аз даст додем.”
Ҳайдарӣ мегӯяд, аксари гуруҳи Толибон, ки болои Юмгони Бадахшон ҳамла кардаанд, ҷангҷӯёни тоҷику узбак ва кишварҳои арабӣ мебошанд, ки дастапрвардаи макотиби террористии Покистон ба шумор мераванд. Фазлиддин Ийор, қумандони амнияти вилояти Бадахшон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир даргирии мусаллаҳона миёни сарбозони афғон ва гуруҳи Толибон идома дошта, феълан неруҳои ҳукуматӣ дар ҳолати дифоӣ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |