Сафари Айёз Содиқ ва гуфтугӯяш бо Раҳмону Ятимов
Сардор Айёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллӣ ё палатаи поёнии парлумони Покистон, бо сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, сафари ҷаноби Айёз Содиқ ба Душанбе 26 май дар назар аст. Интизор меравад, дар ҷараёни ин дидор раиси Ассамблеяи миллии Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дидору мулоқот кунад. Дар ин вохӯрӣ ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Покистон баррасӣ хоҳад шуд.
Сардор Айёз Содиқ ҳамчунин бо Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният, Саймуъмин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захоири об мулоқот хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |