Туркия: Пирӯзии Кончита Вурст –“туф” ба рӯи мусалмонҳост
Ҳукумати Туркия эълон доштааст, ки ба далели ғолибияти номзади Утриш (Австрия) –Кончита Вурст дар озмуни маъруфтарини мусиқӣ дар Аврупо-“Eurovision” дигар ширкат нахоҳад дошт.
Ҳизби ҳокими “Адолат ва тарақиёт”, ки роҳбарияшро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири феълии Туркия ба уҳда дорад, изҳор доштааст, ки ҳатто намоиши як лаҳзаи зан бо риш ин таҳқири тамоми анъанаҳои мусалмонӣ буда, пирӯзии чунин шахс аксариятро дар ҳолати шок қарор дод.
Волкан Бозкин, намояндаи ҳизби “Адолат ва тарақиёт” гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар озмуни “Eurovision” Туркия номзаде нахоҳад фиристод. Илова бар ин, “Eurovision” дар қабл ҳам ҷавобгӯ ба арзишҳои маънавии мусалмонон набуд, чун баҳогузорӣ танҳо аз руйи истеъдоди сароидан ва мусиқӣ набуд.
Гуфта мешавад, ки нахуствазири Туркия, роҳбари ҳизби “Адолат ва Тарақиёт” Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ин тасмим дастгирӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |