Бахшҳо
20 май 2014 16:00Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси наҳзатиҳои Данғара ва даъвати устоди Эмомалӣ Раҳмон ба додситонӣ

Масъулини Идораи кишоварзии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз болои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа, ки дар бинои ниҳоди мазкур ҷойгир аст, ба додситонӣ шикоят бурдаанд. Дар пайи ин, додситонӣ Холмуҳаммад Камолов -- омӯзгори фанни риёзии яке аз мактабҳои ноҳияи Данғараро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаққи устодӣ дошта, ҳоло узви фаъоли ҲНИТ мебошад, барои "гуфтугӯ" хондааст.

Сайидалӣ Тағоев, котиби дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Данғара, рӯзи 20 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Идораи кишоварзӣ онҳоро дар напардохтани ҳаққи иҷораи дафтарашон муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи Тағоев, дар ин масъала ҷониби ҲНИТ наметавонад, гунаҳкор бошад, чун борҳо барои ба расмият даровардани асноди иҷораи дафтар ба Идораи кишоварзӣ муроҷиат кардааст.

“Дар ин бора бетаваҷҷуҳӣ аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ шудааст, дар аввал ба мо гуфтанд, муваққатан ҳамин хел фаъолият кардан гиред, баъд ҳамаашро дуруст мекунем ва ҳамин хел боқӣ монд ва албатта, дар рӯзҳои наздик ин мушкил умедворем, ҳалли худро меёбад”,-афзуд ӯ.

Берункунии дафтари бахшҳои минтақавии ҲНИТ аз дафтарҳои худ бори аввал нест, дар ноҳияи Исфара ва Спитамени вилояти Суғд низ наҳзатиҳо бо ин мушкил рӯбарӯанд. Ахиран ҳукумати ноҳияи Исфара ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломӣ ду рӯз муҳлат дода буд, утоқи Нозироти андози ин минтақаро, ки дар он дафтараш ҷойгир аст, холӣ кунад. Аз сӯи дигар, масъулини дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен аз он шикоят карда буданд, ки афроди номаълум қулфи дари утоқҳои онҳо дар бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и ин минтақаро иваз карда, асноди лозимии ҳизбро “мусодира” кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.
Мӯҳр
Дехкон
ХНИТ ВА РОХБАРАШОН ЧУНОН ТАРСОНЧАК ЩУДААНД,КИ ДИГАР ХЕЧ КОР АЗ ДАСТАШОН НАМЕОЯД. БАЪД АЗ ИН ОНХО ЧИ ТАВР АДОЛАТРО ДАР ТОЧИКИСТОН ПОЙДОР МЕКУНАНД ВА ДАР ПОРЛУМОН АЗ ХУКУКХОИ МАРДУМ ТАРАФДОРИ МЕКУНАНД. ХЕЧ БОВАРАМ НАМЕОЯД.

МАН БА УСТОДККАБИРИ ГУФТАНИ ХАСТАМ КИ АГАР ХУДИ ХИЗБ ИМКОН НАДОРАД ПАС БА ТАШКИЛОТХОИ ХАЙРИЯВИИ ИСЛОМИ МУРОЧИАТК КУНАНД ТО ТАВОНЕМ КИ ДАР ТАМОМИ МАНОТИКИ КИШВАР ДАФТАРИ ХИЗБ БИНОИ ШАХСИ ДОШТАБОШАД ВА БО ЧУНИН МУШКИЛИ ГИРИФТОР НАГАРДАД.

Салом ба мардуми точик хос ба сайти озоди.тч аз шумо хохиш дорам хамчун шахрванди хамин ватан хамин маколохои мора аз барои худо брасон сабаби нарасондантон дар чйст? Ва ин минус дар хдтонай ки мардумам тасавур мекнан кй нохаки мекнен дар ин сайт

Чайхун
Намедонам сабаб дар чи бошад, ки ин хукумат намедонад аз кадом дар бикубад. Ин рафтори хукумат, на рохи сиёсати окилона аст ва на дипломати. Дар охир гуфтаниам, ки сукути мардумро набояд розигии онхо шумурд. Бо гушхо мешунаванд, бо чашмхо мебинанд. Нашунидем нагуед, надидем нагуед, аз ноомади эхтиёт бошед. Аз ман як тавсия, ба чои он, ки бо нахзат мубориза баред, бар акс аз у истифода баред. МУШОВИРОН кор кунед, сухан агар талх хам бошад аз саратон сокит кунеду вазифаатонро ичро кунед, вагарна ...Дехкон,

аъзои ХНИТ
БА ДЕХКОН: Агар ХНИТ ва рахбараш тарсончак бошад, ТУ зур боши,биё мард барин часурита нишон дех ва аъзогиятро ошкор кун ва яке аз аъзоёни фаъоли хизб шав,ана он вакт мебинем ки,КИ тарсончак мебошад.

кургантепа
ту хам боши дар чой раисони хизб тарсончак мешави инхо вактеки думби молу дунёро гирифтан хонасозиву чанзанагиву бо хаки нахзату ятимон худашонро якбору дубор дар интернет нишон медиханд дигар ягон фойда нест барой ки фанд кардестан нахзатихоро аз авал то охири хизб имрузхо аз кафой фойдаи худаш аст бовар накуни ахамият дех баьд чихел натарсан хакикатро намегуянд хфмффш хап астан хизба хеч чизаш намондааст вактеки дар интернет мехонам суратощона мебинам мефахмам ки бози кардестан барои хамин дигар ток нест
саломат боши озодагон мо точико бо шумо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)