Чоршанбе, 2 Апрел 2025
ВИДЕО: Аз Лоиқ Шералӣ чӣ медонед? Суоли мо - ҷавоби роҳгузарон

Дар рӯзи мавлуди шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, хабарнигори “Озодагон” аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, пурсид, дар бораи ӯ ва осораш чӣ медонанд.
Иддае ба ин савол ҷавоби мусбат дода, ҳатто хотираҳояшонро низ баён доштанд. Аммо дар ин қатор онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, дар бораи Лоиқ ва ашъораш чизе намедонанд ва ё дар хотираашон намондааст.
Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент ба дунё омада, соли 2000 бар асари сактаи мағзӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ ба ҳайси корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мушовири Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” фаъолият кардааст.
Ин шоири маъруфи тоҷик аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, аз соли 1991 то дами марг раҳбарии Бунёди байналмилалии забони тоҷикиро бар дӯш дошт. Лоиқ Шералӣ соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ гардида, моҳи майи соли 1999 ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар”-ро ба даст оварда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |