Ҷиҳати рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон ҷумҳурии халқии Хитой дар асоси грант ба ҷумҳурии мо 25 трактор ворид мекунад. Дар ин маврид зимни мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Чин тавофуқ ҳосил шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ ба «Озодагон» гуфтанд, 5 адад аз ин тракторҳо ба хоҷагии шоликории «Тоҷик ООО Хайли» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дода мешавад. Зимни ин дидор ҷонибҳо ба масоили таҳияи механизми ёддошти тафоҳум дар соҳаҳои растанипаварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбуриасалпарварӣ, техника ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, омӯзиши кадрҳои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳ намуданд. Бо пешниҳоди вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов миёни вазоратхонаҳои кишоварзии ду кишвар комиссияи доимамалкунанда таъсис ёфт. Ин комиссия тамоми таклифу пешниҳодҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро баррасӣ хоҳад кард. Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳамкорӣ миёни ноҳияи мухтори Шинҷони кишвари Чин ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи парвариши пахта бо воситаи технологияи муосир ва обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Мӯҳр