Луганск аз СММ хост, мустақилияташро эътироф кунад
Вакилони Луганск, ки аз он ба унвони ҷумҳурии мардумӣ ном мебаранд, аз Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид хостаанд, мустақилияти онро эътироф кунад. Дар ин бора дар муроҷиатномае, ки сомонаи “Артиши муттаҳидаи Ҷануб-Шарқ” чоп кардааст, иттилоъ дода мешавад.
“Мутобиқи Оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалии эътирофшуда, ки ҳаққи мардумро барои интихоб муайян мекунад, 11 май дар вилояти Луганск раъйпурсӣ дар мавриди мустақилияти он баргузор шуд. Рӯзи дигар мустақилияти ҷумҳурии мардумии Луганск эълон гардид. 19 май бошад, сарқонун пазируфта шуда, раҳбари давлат ва нахуствазир интихоб гардид”,-омадааст дар муроҷиатнома.
Дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки хоҳиши эътирофи мустақилият ҳаққи мардумаш аст.
Ёдовар мешавем, дар баробари Луганс минтақаи Донетск ҳам бо баргузории як раъйпрсӣ аз мустақилияташ аз Украина хабар дод. Аммо Киев ва чанд кишвари ғарбӣ бо шумули Амрико гуфтанд, ки ин раъйпурсиро эътироф нахоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |