Шикояти модари Сурайё аз болои хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло
Раҷабмоҳ Исмоилова, сокини ноҳияи Турсунзода, аз болои хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло – раҳбари собиқи ширкати Роҳи оҳан ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, номаи шикоятӣ фиристодааст. Хонум Исмоилова мегӯяд, ӯ модари Сурайё мебошад, ки шаби 9 октябри соли гузашта, дар пайи садамаи “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, ҷон бохт ва аз ӯ як кӯдаки 1-солаву 2-моҳааш боқӣ мондааст.
“Ду моҳ пеш ба раисиҷумҳур нома навиштам. Вале дар мактуби ҷавобӣ омадааст, дар ин замина беҳтараш ба Додситонии кулл муроҷиат кунам. Худам бо кӯдаки Сурайё танҳо мондаам ва аз хона баромада наметавонам”,-мегӯяд Раҷабмоҳ Исмоилова. Мусоҳиби мо илова кард, “баъд аз садама то ҳол ба назди мо на ягон муфаттиш ва ё намояндаи хонаводаи Ҳукуматулло (Ҳукумовҳо) наомадааст. Ҳатто таъзия баён накарданд. Ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон одам қадр надоштааст.”
Раҷабмоҳ Исмоилова мегӯяд, бо вуҷуди ҳама мушкилҳо, аз даъвояш даст кашиданӣ нест, зеро ба қавли ӯ тифли Сурайё ба кумаку сарпарастӣ ниёз дорад, ки ба танҳоӣ аз ӯҳдааш нахоҳад баромад. Ӯ гуфт, духтари 24-солааш қасд дошт, ба Русия сафар карда, барои рӯзгузаронияшон сармоя ҷамъ кунад. “Вале ҳамон шаб ин ҳодиса рух доду мо Сурайёро аз додем ва танҳо дар нимароҳ мондем. Аз ин пештар писари 19-солаам дунёро тарк карда буд. Бароям мушкил аст”,-нақл кард Исмоилова.
Дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар бораи номаи модари Сурайё чизе нагуфтанду талоши мо барои пайдо кардани намояндагони хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло низ бенатиҷа буд. Зеро як рӯз пештар Азиза Рӯзиева, яке аз осебдидагони садамаи шаби 9 октябр низ барои кумак дарёфт накарданаш аз сӯи хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло шикоят карда ва гуфта буд, зоҳиран онҳо ба Олмон кӯч бастаанд. Иттилое, ки то ҳол расман тасдиқ нашудааст.
Бо ин ҳол, даъвои наздикони афроди фавтида ва маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябри соли 2013 бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло баъд аз чанд моҳи барканории ӯ аз мақоми раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон садо медиҳад. Амонулло Ҳукуматулло дар охирин нишасти хабарияш ба ҳайси раҳбари ин ниҳод садамаи шаби 9 октябро шарҳ дода, писарашаро бегуноҳ донист ва ҳатто хабари расонаҳо дар бораи фирори ӯ ба Олмонро рад кард. Ӯ гуфта буд, “агар гап дар бораи шахси ман равад, гапи дигар аст, вале дар бораи фарзанди ман меравад, ман талаб мекунам, чизе қонун мегӯяд, бояд ҳамон шавад. Журналист чӣ ҳақ дорад, ки мегӯяд, писари ман се нафарро куштааст? Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд. Барои ба Олмон рафтани Расул ва таҳсилаш дар он ҷо ду моҳ талош кардем. Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикию англисиро хуб медонад. Ман аз ӯ бисёр умед дорам”.
Амонулло Ҳукуматулло таъкид кард, баъд аз анҷоми тафтиши садама бо иштироки писараш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад: “Ман то ин ҳад бе виҷдон нестам, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта, писари худро ба хориҷ гурезонам.”
Дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се нафар ҷон дода, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони “БМВ”-и Расули Амонулло қарор доштааст. Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст.
Ҳарчанд Амонулло Ҳукуматулло иштироки писараш дар садамаи шаби 9 октябри соли гузаштаро рад кард, вале наздикони ӯ чанд бор ба ҷабрдидагони садама ва хонаводаи онҳое, ки ҳалок шудаанд, кумакпулӣ низ додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |