Баронессаи Бритониё бо зиндонҳои Тоҷикистон шинос мешавад
Баронесса Вивиен Стерн, узви порлумони Бритониё, 22-юми май бо сафари расмии ҳафтрӯза аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Сафорати Бритониё ҳадафи аслии сафари баронессаро шиносоӣ бо вазъи зиндонҳои кишвар ва ислоҳоти соҳа арзёбӣ мекунад.
Ин сафар дар ҳолест, ки Стерн моҳи марти соли гузашта низ аз Тоҷикистон дидан карда, аз ҷумла аз зиндони рақами 7-и Душанбе боздид намуда буд. Ӯ гуфта буд, “аз беҳбудиҳои бадастовардаи ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи муасисоти ислоҳӣ хеле хушҳолам.”
Баронесса Стерн узви палатаи лордҳо ва узви кумитаи қонунгузории парлумони Британия мебошад. Ӯ аз соли 1989 то соли 2006 ҳамчун дабири кулли ташкилоти “Penal Reform International” адои вазифа намудааст. Қонуни ҷиноӣ, равобитҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон, рушди умумиҷаҳонӣ ва ислоҳоти муасисаҳои махсус аз доираҳои таваҷҷуҳи Баронесса Стерн арзёбӣ мешаванд. Стерн муаллифи якчанд китобҳо дар мавзӯи ислоҳоти муасисаҳои махсус мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |