Вазири қирғиз баъд аз сӯҳбаташ бо Аслов: “Ворух ҷазирақаламрав буд, мемонад”
Раҳбарони вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи Анҷумани иқтисод ва ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.
Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар пайи бозгашташ ба Ватан дар суҳбат бо расонаҳои хабарии ин кишвар аз ҷузъиёти вохӯрӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, “мо тамоми масоили мубрам барои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла аломатгузории хатти марзи ду кишвар, танишҳои сарҳадиро ба таври ошкоро ба миён гузоштем. Фаҳмида шуд, ки ҷониби Тоҷикистон зарурати ҳалли ин масоилро дарк мекунад ва мо низ албатта, дар якҷоягӣ ба ҳалли он хоҳем пардохт.”
Вале оқои Абдилдаев хатти марз дар вилояти Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистонро бисёр печида унвон кардааст. Вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, “ҳоло аз 940 километри марзи муштарак 519 километраш аломатгузорӣ шудааст. Албатта, дар минтақаҳое хатти марз мушаххас шудааст, ки мавриди баҳс нестанд. Аз ҳама зиёд баҳсу нофаҳмиҳо болои минтақаи аҳолинишин аст. Дар робита ҷониби Тоҷикистон муносибати худро дорад, мо аз худро. Аммо мавқеъгириҳои мо зина ба зина ба ҳам наздик мешаванд ва набояд инро аз даст дод, аз ҷумла равобити дустона бо Тоҷикистонро, зеро ба ҳар ҳол мо ҳамсояем. Албатта мо манофеи миллии худро ҳимоя мекунем, вале танҳо сари мизи гуфтушунид.”
Вазири умури хориҷии Қирғизистон дар идома таъкид кардааст, ки Ворухи Тоҷикистон минтақаи анклавӣ (ҷазирақаламрав) буду боқӣ хоҳад монд: “Ҷониби Душанбе харитаи солҳои 1925-1927-ро пешниҳод мекунанд, ки мо онро қабулу бар асоси он аломатгузорӣ сурат гирад. Далоили мо низ алакай ироа шудааст, ба назари мо беҳтар аст, аломатгузорӣ дар асоси харитаи солҳои 1958-1959 иҷро шавад. Ҳоло натавонистаем, сари як тавофуқ оем, вале раванд идома дорад.”
Вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти сӯҳбати Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар бо ҳамтои қирғизаш дар Арабистони Саудиро ошкор накардааст. Дар ҳоел ки баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар шиддат ёфтааст. Дар пайи ин ҳодиса Бишкек дарҳол сафири худро фаро хонда, гузаргоҳҳои марзиро ба рӯи Тоҷикистон баст ва танҳо баъд аз чанд даври музокирот онҳоро боз намуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |