Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоишгоҳи фарҳанги ислом баргузор мегардад. Ин намоишгоҳ, ки «Фарҳанг ва санъати ислом дар асарҳои устодони эронӣ» унвон гирифтааст, бо ташаббуси осорхонаи марказии Қазоқистон ва намояндагии фарҳанги сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар он кишвар рӯзи 25-уми август ба кори худ оғоз мебахшад.
Ба иттилои вазорати фарҳанги Қазоқистон дар намоишгоҳи мазкур аксу суратҳо бо наққошии сураву оят аз китоби муқаддас, дастнависҳои нодири Қуръони маҷид, тарҷумаи Каломи шарифи мусалмонон ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла аврупоӣ, фиттаҳои видеоӣ ва аудиоӣ дар бораи Қуръон ба маъраз гузошта мешаванд. Ҷолибтарин нуктаи намоиш «Қуръони гӯё» ба шумор меравад.
Ба иттилдои манбаъ, намоишгоҳ то рӯзи 5-уми сентябр идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр