Мактуби Марату Одил ба раисиҷумҳур: “Ватанро пазмон шудем”
Марат ва Одил, бародарони хурдии Қурмонбек Боқиев -- раисиҷумҳури фирории Қирғизистон аз раҳбарияти кишварашон иҷозаи зиндагӣ дар ватан хостаанд. Тавре нашрияи “Фабула” менависад, ин бародарони Боқиев тавассути як манбаи наздик ба Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар ин робита нома навиштаанд.
Дар номаи Боқиевҳо, аз ҷумла омадааст, “ба мо иҷоза диҳед, дубора ба ватан баргардем. Чи тавре маълум аст, алайҳи мо ҳеч иттиҳомоте равона нашудааст. Мо ватани худро пазмон шудаему мехоҳем, онҷо зиндагӣ кунем. Бигзор ҳар нафаре муҷрим аст, назди қонун ҷавоб диҳад.”
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳукуматдории Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон бародарони ӯ, Марат сафири ин кишвар дар Олмон ва Одил дар Чин ифои вазифа мекардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |