Гуфтугӯ бо Қаҳҳор Маҳкамов, президенти нахустини Тоҷикистон
Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов иштирок ва ба суоли ҳозирин посух хоҳад дод. Ин маҳфил дар бинои маркази тиҷории “Пойтахт” соати 17-и рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад.
Иброҳим Усмонов, раҳбари “Бунёди муколамаи тамаддунҳо” дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, оқои Маҳкамов дар ин дидораш ба ҳама саволҳо, эҳтимол дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта, низ посух гӯяд. “Он кас гуфтанд, ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ, хоҳиш карданд, ки ягон мавзӯи мушаххас намонем”,-афзуд профессор Усмонов.
Дар сурати иштирок ва посух ба суолҳо ин бори аввал хоҳад буд, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар рӯбарӯи хабарнигорон, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва таърихнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта суҳбат мекунад. То ин дам оқои Маҳкамов қисман дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба ҳаводиси солҳои навадум бо хабарнигорон суҳбат карда, аммо ҳамеша аз тафсилот худдорӣ кардааст. Ҳатто ӯ чанде пештар гуфта буд, қасд надорад дар ин бора китоби хотираҳои худро бинависад.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |