Неъматов: Қарори барканории Сулаймоновро мо набаровардем
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, қарори барканории Маҳмадшариф Сулаймоновро аз симмати сармураббии дастаи мунтахаби самбои кишвар, федератсияи самбо бароварда, Кумита онро танҳо дастгирӣ кардааст.
Неъматов дар шарҳи барканории Сулаймонов ба “Озодагон” гуфт, дар тамоми дунё сармураббиро федератсияҳо интихоб мекунанд: "Федератсияҳо масъули дастовардҳо дар соҳаашон буда, мо ҳаққи дахолат карданро надорем. Кадомеро, ки онҳо зарур мешуморанд интихоб мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳою баҳодиҳӣ, дар дигар кишварҳо низ ҳар сол сармураббиён иваз мешаванд.”
Ба қавли Неъматов як моҳ пеш дар рафти бозиҳои варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб аз минбар барканор шудани Маҳмадшариф Сулаймонов, аз вазифаи сармураббии дастаи самбо эълон гардида, бо изҳори эҳтиром барояш миннатдорӣ баён кардаанд.
Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ таъкид намуд, ки ба Сулаймонов эҳтироми зиёдро қоил аст ва боварӣ дорад, ки ӯ минбаъд низ барои боло бардоштани сатҳи варзиши тоҷик хизмат мекунад.
Барканории Маҳмадшариф Сулаймонов охири ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди Хайрулло Назриев -- раиси Федератсиюни гуштии самбо ва аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат гирифтааст. “Рӯзи шанбе, 17 май, Раҳматшо Камолов -- сардори Раёсати варзиши Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ маро даъват карда гуфт, фармони Шумо барои аз вазифа сабукдӯш шудан баромадааст. Ин фармонро бе ягон маҷлис ва бе ягон огоҳӣ баровардаанд. Баъд аз фармонро ба даст гирифтан ба назди раиси Кумита рафтам. Як соат дар утоқи кориаш интизор будам, вале пайдо нашуд”,-мегӯяд Маҳмадшариф Сулаймонов.
Маҳмадшариф Сулаймонов тайи 40 соли фаъолият дар риштаи варзиш даҳҳо шогирдонро барои сабқат дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтаққаву ҷаҳон омода кардааст. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комроншо Устопириён, Бобоҷон Зоиров, Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон ва Қандилҷони Рустамзода аз ҷумлаи шогирдони номдори Маҳмадшариф Сулаймонов мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |