Барканории баҳсбарангези Маҳмадшариф Сулаймонов (ВИДЕО)
Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо, аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Носир Бозоров таъин шудааст. Оқои Сулаймонов рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” барканорияшро ноодилона номид ва гуфт, ин амал холисона сурат нагирифтааст.
ВОКУНИШИ МАЛИКШО НЕЪМАТОВ
Носир Бозоров, ки ҳамакнун ба ҷои Маҳмадшариф Сулаймонов омадааст, тӯли 17 сол сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо буда, соли гузашта “барои натиҷа нишон надодан”, аз ин вазифа маҳрум шуда буд.
Барканории Маҳмадшариф Сулаймонов охири ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди Хайрулло Назриев -- раиси Федератсиюни гуштии самбо ва аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат гирифтааст. “Рӯзи шанбе, 17 май, Раҳматшо Камолов -- сардори Раёсати варзиши Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ маро даъват карда гуфт, фармони Шумо барои аз вазифа сабукдӯш шудан баромадааст. Ин фармонро бе ягон маҷлис ва бе ягон огоҳӣ баровардаанд. Баъд аз фармонро ба даст гирифтан ба назди раиси Кумита рафтам. Як соат дар утоқи кориаш интизор будам, вале пайдо нашуд”,-мегӯяд Маҳмадшариф Сулаймонов.
Маҳмадшариф Сулаймонов тайи 40 соли фаъолият дар риштаи варзиш даҳҳо шогирдонро барои сабқат дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтаққаву ҷаҳон омода кардааст. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комроншо Устопириён, Бобоҷон Зоиров, Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон ва Қандилҷони Рустамзода аз ҷумлаи шогирдони номдори Маҳмадшариф Сулаймонов мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |