Бахшҳо

Turajon.org: "Винетка" дуруст нест, агар...

Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми гирифтани аксҳои хотиравӣ бо ҳамсабақон ё худ винеткаро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.

Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “Модоме аксҳо дар хурдсолӣ, яъне дар сини 7 солагӣ гирифта бошанду онҳоро дар винетка чамъоварӣ кунанд, боке надорад.”

Аммо Turajon.org дар шарҳи гуфтаҳояш, овардааст, агар аксҳои винетка баъд аз сини балоғат гирифта шудаанд, пас ҷоиз намебошад. “Зеро сурати духтари бегона агар чӣ бо ҳиҷоб ҳам бошад дар дасти марди бегона буданаш хуб нест,”- таъкид шудааст, дар веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо.

"Винетка" маҷмуаи аксҳоеро гӯянд, ки донишомӯзон ҳангоми хатми макотиби миёна ё олӣ ҳамроҳи ҳамсабақону устодонашон ба хотири ёдоварӣ бо ҳам мегиранд.
Мӯҳр
Мусулмон
Хайр набошад чаноби Турачонзода пас телевизион тамошо накунанд, чунки дар он суратхои занони бегона хаст. Дину диёнатро ин кадар танг нагиред чаноби домулло. Шумо ки хастед, ки ба миллионхо точик фармоед, ки винетка дошта бошанд ё не. Дин дар дил аст, на дар винетка.

Адл Москва
О чи хел дуруст набудааст, ки хонаводаи Турачонзодахо дар тамоми рузномаю мачаллахо суратхояшон хаст. Борхо якчоя бо Ойнихол Бобоназарова сураташро дидем. Дар олами имрузаи ислом магар бе телевизион, видео, сурат магар мешавад. Агар нораво бошад, пас ин кадар телевизионхои исломи, мачалахо, рузномахо барои чи расму суратхои занхои мусулмонро нишон медиханд. То имруз "Венетка"-ро бо суратхои барахна надидаем, ки мумкин набошад. Агар сурати Ойнихол, Гулрухсор ва гайрахо намедидем, магар дар бораи онхо маълумоти пурра дар хотирамон, мемонд.

ТУРАЧОНЗОДА ХЕЛЕ ХУБ КАЙД КАРДЕД ОФАРИН

Шархи хуб нест. Ин, як ёдгори аст, бояд раво бошад. Базан масалахои хурофотангезро дар байни чамъият интишор мекунанд, ин хуб нест!

Саидчон
Ассалому аллайкум бародари Мусулмон! Хазрат бехтарин чавобро гуфтааст,хох кабул куни хох не.Эшонро суол карданд он кас чавоб додаад.Модоме,ки кабул надори пас номатро бо харфи калон Мусулмон нанавис. Эшони Нуриддинчон чавоб надихад,Мухтарам муфти чавоб нагуяд пас вой бар мусалмонии мо..

Мусулмон,
Он дине ки дар дили Шумо аст, он дигар дин аст, перепутать накунед!

Рустам
Хар руз суратои Турачон дар матбуоту сайтхо мебарояд, ин равост ми? Хукуки зану мард баробар нест, ки ба кавли Турачон сурати духтаронро дар винетка нораво медонад. Ин мардуми мо хуб соддаанд. Хамин винетка хам кирои пурсидан аст* Айб аст ин кадар бесаводй! О ин Турачон худаш кист ки аз у мепурсанд?

Хамин Турачонзодахо кори дигар надошта бошанд? Ба хамин фатвохои асримиёнагишон хамаро аз ислом метарсонанд ва исломро як чизи дастнорас ба мардум нишон медиханд. Хар кас акл дорад ва худаш метавонад хулоса кунад, ки чи дурусту чи нодаруст аст. Шумо хеле дер таваллуд шудаед, бояд чанд аср пеш ба дунё меомадед. Лекин он вактхо дар ин чипхое, ки шумо доред, нишастан дуруст набуд.

Котиб
«Эй фарзандони Одам, суботкор бошед! Шайтон шуморо нафиребад, хамон гуна ки падар ва модаратонро фирефт ва аз бихишт берун кард ва либосашонро аз танашон берун сохт, то авраташонро барои онхо намоён созад»
(Аъроф, 28)

Турачонзода бисёр хуб кайд карданд. Ба касе, ки гуфтаи эшон писанд нест, мархамат бигзорат то сурати хохару духтараш винеткаи хамсабаконашро "нур бахшад" . Чи чойи мушкил дорад? Посухи эшон барои онхоест, ки номуси мусалониву марди доранд. Хохи кабул кун, нахохи мачбури нест.

Албатта бо он, ки сурат ва е кашидани сурат аз руи ислом чоиз нест, ман рози хастам, лек хамин винетка як хусусияти ачибе низ дорад, ки мувофики он винетка бисере духтаро сохиби шавхар ва бисере мардхо сохиби зан мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)