Бахшҳо
19 май 2014 10:29Тоҷикистон / Сиёсат

Имомуддин Сатторов ба курсии Абдулмаҷид Достиев нишаст

Имомуддин Сатторов, ки то ин дам ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Олмон фаъолият дошт, сафири нави кишвар дар Русия таъин шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури хориҷӣ иттилоъ доданд.

Имомуддин Сатторов дар гузашта дар вазифаҳои атташе ва котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Русия низ кор карда, тобистони соли 2007 ҳамчун сафир ба Олмон рафта буд. Абдулмаҷид Достиев, ҳоло сафири пешини кившар дар Русия, аз мақоми худ барканор ва то кунун мансабе надорад. Бино ба иттилои манобеи мо, эҳтимол ӯ бознишаста шавад.

Достиеви 68-сола зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буда, соли 1974 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1987 мактаби олии ҳизбиро дар Тошканд ба анҷом расондааст. Абдулмаҷид Достиев аз соли 1993-1995 ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1995-2000 ноиби аввали раҳбари Маҷлиси Олӣ будааст. Вай ҳафт соли охир сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва дар ин муддат борҳо барои бетаваҷҷуҳӣ ба тақдири муҳоҷирон интиқод шунидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида низ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Салим Фарҳод таъин гардидааст. То ҳол маълум нест, оқои Шамсов баъд аз бозгашташ ба Душанбе чӣ масъулиятеро ба дӯш хоҳад гирифт.
Мӯҳр
Карчилик
Чаро дар бораи чои таваллуд ва аз кучо будани ин макомдорон дар рузномахо чизе чоп намекунанд.Чаро?Мо бояд донем,ки ин мардуми вазорати хорича ба чи кор машгуланд ва чаро имичи давлату миллати точик ба таври хайратовар ру ба поин аст.Чун кишвари кашшоктарини чахони саввум шинохта мешавад(чахони чахрумаш ин чаханнам аст).

Хизмати Достиев маънои онро надорад, ки яъне якумра дар курсиаш нишинад. Дар конуни ЧТ принципи баробари хама дар назди конун дарч гардидааст. Аз ин лихоз фарк надорад Достиев низ бояд аз руи конун амал намояд.

Ttt
Озодагон Имрмиддин Сатторлв кичогияй????

АЗ КИЧО БУДАНАШ МАЪЛУМ. АЗ ХАМОН ЧО . ВАЗИФАХО БА БЕГОНАГОН ДАСТНОРАС АСТ.

dado
Имомудин аз дангара аст ва шахрванди Олмон мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)