Бахшҳо

Ҳаводиси Украина: Мавқеи Русия мавқеи мост?

Дар пасманзари ҳодисаҳои Украина коршиносон аз эҳтимоли ҳамагуна дахолати Русия ба умури дохилии кишварҳои пасошуравӣ тахмин мезананд. Таҳлилгарон мегӯянд Русия дар ҳоли ҳозир барои нигоҳ доштани нуфузаш, ки оҳиста аз даст медиҳад, ба ҳама кор омода аст.

Аммо гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳоло фурсате мебошад, ки Тоҷикистон ба унвони шарики стратегӣ бояд бештар аз мавқеъгирии Русия пуштибонӣ бикунад. Исмоил Раҳматов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Русия барои такрори ҳаводиси Украина дар Тоҷикистон ҳеч сабабе надошта, ин гуна фарзияҳо сафсатае беш нестанд. Номбурда бо ишора ба дастгирии рӯҳонии саршинос-Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз мавқеъгирии Русия гуфт, ки бовар надорад, Русия дар кадом ҳолате суйистифода аз қудрати худ бикунад.

Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯзе қабл рӯҳонии саршинос, Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯбати худ бо расонаҳо ишора бар он дошт, ки зидди бо зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукуматҳо буда, Тоҷикистон дар қиболи ҳаводиси Украина бояд ошкоро мавқеъгирӣ кунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз тасмимгирии Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намудааст. Ӯ гуфтааст, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагунии ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман тасмимгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи гурӯҳи дигари коршиносон Русия бо дахолати худ ба умури дохилии Украина исбот намуд, ки барои нигоҳдории қудрати худ барои ҳамагуна кор омода ва қодир аст.

Олег Панфилов, таҳлилгари масоили байналмиллӣ мегӯяд, ки баъди ҳаводиси Украина баъид аст, ки нерӯи Русия барои дахолат ба вазъияти дигар кишварҳои узви ИДМ кофӣ бошад. Ба гуфтаи номбурда Русия бештар аз интизориҳои худ пойбанди ҳаводиси Украина гардид: “Ба назари ман Русия ниёзе барои дахолат ба вазъи дигар давлатҳои узви ИДМ-ро надорад. Фарз кардем барои Тоҷикистон. Нахуст, дар Тоҷикистон Пойгоҳи низомии 201-и русҳо мустақар аст, ки ин дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 фаъолона ширкат дошт. Дуввум, таблиғоти мавқеъгирӣ ва амалҳои Русия хеле устувор аст. Ва мутаассифона аксари аҳолӣ ба Русия бовар доранд .”

Олег Панфилов мегӯяд, ки барои Русия нигоҳ доштани майдадавлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чандони муҳим ва ҳатмӣ нест, масъала дар он аст, ки то куҷо ин майда давлатҳо ҳозиранд то Русияро раҳо кунанд: “ Ин давлатҳо барои “шинои мустақилона” ва ташкили сиёсати устувор шояд омода нестанд. Мутаассифона ба Русия бештар майдадавлатҳои камбизоате чун- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон вобастгӣ доранд. Онҳо ба Русия нерӯи кории худро бо камтарин арзиш мефиристанд.”

Аммо онҳое, ки нисбати сиёсати Русия бадбин ҳастанд, воқеоти солҳои 92-97 дар Тоҷикистонро мисол меоранд, ки Русия дар он нақши рӯшан дошт. Бояд гуфт, ки аксари коршиносон аз мавқеи Русия пуштибонӣ мекунанд ва ба андешаи эшон Тоҷикистон барин кишварҳои хурд бояд такягоҳе аз абарқудратон дошта бошанд ва Русияро дар ин ҳол аз ҳама бартар меҳисобанд.

Теъдоди андаки таҳлилгарони тоҷик амали Русия нисбат ба Украинаро як навъ таҷовуз шуморида, маҳкум менамоянд. Ин гурӯҳ муътақиданд, ки Тоҷикистонро зарур аст, то худро аз сояи Русия ҳарчи зудтар берун кашад.

“Озодагон”
Мӯҳр
олег панфилов рост мегуяд.

Боз обруи миллат ва мамлакатро бурди огои Турачонзода.Ман аз аввал медонистам ки шумо на сиёсатмадоред на рухони.

99
ОЁ МЕДОНЕД!?
Оё медонед, ки аксарияти сиёсатмадорони мо умуман аз "кӯчаи сиёсат" нагузаштаанд!?
Оё медонед, ки сатҳи сиёсатфаҳмии мардуми мо аз дигарон дар минтақаи Осиё ақибмондатарин аст!?
Оё медонед, ки давлатдорони мо дар арсаи сиёсату иқтисодиёти мамлакатамон "калобаи сарашонро гум кардаанд". Онҳо намедонанд, дар масълаҳои сиёсати берунӣ чӣ кор кунанд ва ҳатто чӣ гӯянд. Кори сиёсии дохилии онҳоро аксари мардуми оддӣ хуб дарк мекунанд, ки мутлақо хатост!?
Оё медонед, ки аксари "таҳлилгорони сиёсии" мо умуман таҳлилгар нестанд ва ба дунё " аз пушти панҷара менигаранд"!?
Оё медонед, ки дар мақомотҳои қудратию давлатии мо ҷосусони хориҷӣ, хусусан ҷосусони рус (ФСБ) аз ҳад зиёданд ва ҳар як қадами масъулони моро назорат мекунанд. Ба болои ин, аксари кормандони давлатию қудратии давлати мо аз тарафи ин ҷосусон бепул харида шудаанд ва ба хоҷагони худ содиқона хизмат мекунанд, вале аз бесаводию нофаҳмии худ фикр мекунанд, ки ба халқи худ "хизмати
шоиста" мекунанд!?
Оё медонед, ки аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз 20сол сипарӣ шуд ва кӯдаки якрӯза 22 сола шуд? 22 сол ба гӯши ин кӯдак мо чӣ гуфтем ва имрӯз аз ӯ чӣ талаб дорем!? Ҳоло он, ки "як мард дар 40 сол ба воя мерасад" гуфтаанд!?
Оё медонед, ки мо ҳар сол чӣ қадар ақиб мемонем, вале гумон мекунем ва худро фиреб медиҳем, ки мо пешравиҳо дорем!?
Оё медонед, ки оқибат мо худ ба худамон душман шуда истодаем, чунки дар мо на ХУДШИНОСИЮ ХУДОШИНОСӢ, балки бегонапарастию ғуломшавӣ шакл мегирад!!!???
Оё медонед!!!???.....

Каллугбекикул
Бародар азиз мо инро хамаги медонем.Медонем,ки дар ин чанги шахрванди ГРУ-и рус хамрохи туркони точикзабонгашта ва худи туркон точикро катли ом кард ва баъдан худи рус баъди шикасти кишвар ва галабаи толиб дар Афгонистон сулхи байни точикон ва турконро ба миён гузошта онро имзо кунонид.Мо хуб медонем,ки аз 200 хазор фарди кушташуда 9999999,09 фоизаш точик аст,лекин ахбори русхо инро дигар хел тавзех дода,русро курбоншуда мешуморад ва зиёиёни тарсуи точик мисли"саргин"-и машхури Ленини бузург хомушанд.Мо хуб медонем,ки чи гуна манфиатхои халки точикро бо русхо барои хузури харбии онхо соли 2012 фурухтанд.Сабаб он аст,ки точик сохиби давлати аникан нест.Озоди чоп кун.

точикистон ягон мавкеъ дошта метавонад? албатта не.барои он ки точикистон иктисодиет надорад заводу фабрикахо надорад вагайра камбудихо. хулоса дар кишвар ягон истехсолот нест ки ба хорич бароварда шавад. хаммааш привозной. боз мафкураи мардум хеле кохида, бештар чоплус. фикрронихо фикрронии занакхои лави об нишаста. боз барои чи кишварро аз русия дур кардан мехохед. чи даруни дахани толибони амрикой даромадан мехохед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)