"Ҳамлаи мусаллаҳона ва маҷруҳсозии дипломати тоҷик дар Афғонистон"
Пулиси Афғонистон аз ҳамлаи мусаллаҳона ба дипломати тоҷик дар ин кишвар хабар додааст.
Расонаҳои афғон аз қавли Сайёд Сарвар Ҳусайнӣ, масъули пулиси вилояти Қундуз хабар додаанд, ки ҳамлаи мусаллаҳона дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дипломат рӯзи ҷумъа аз вилояти Бадахшон ба Қундуз сафар мекардааст: “Дар роҳ мошини ӯ тирборон шуда, ӯ ҷароҳат бардоштааст.”
Ба иттилои манбаъ дипломати маҷруҳшуда Рустами Маҳмудӣ, консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон аст.
Пулис мегӯяд, то ҳол масъулияти ин ҳамларо ягон гуруҳи ҷиноӣ ба уҳда нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки толибон қаблан эълон карданд, ки аз рӯзи душанбе амалиёти густурдаи мусаллаҳонаро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ бо тасдиқи ин хабар афзуданд, ки Маҳмудӣ феълан дар бемористони Қундуз буда, вазъаш муътадил аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |