Дар поении ин сафари корӣ миёни вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Ҳусейни Нодирпур муовини вазири улум таҳқиқот ва фановарии Эрон гуфт бар асоси ин санади имзошуда як гурӯҳи кории муштарак таъсис шуда , бо баргузории ду ҷаласа дар сол , ҳамкориҳои ду ҷонибро дар арсаи омӯзишу парвариш ва таҳсилоти олӣ, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Инчунин Нодирпур гуфт бо имзои ин ёддошти тафоҳум замина барои ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳҳои олии Эрон дар Тоҷикистон фароҳам шуда, аз сӯи дигар ҷониби Точикистон барои донишчуёни эронӣ 50 бурсияи таҳсилӣ чудо кардааст.
Дар навбати хеш Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон аз ҳамкориҳои муфиди ду ҷониб дар арсаи омӯзишу парвариш истиқбол карда, гуфт ин сафари ҳайати вазорати улуми Эрон ба Душанбе ҳамкорихои ду ҷонибро дар ин замина ба марҳилаи ҷадид ворид кард.
Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ кард, ки баъд аз боздиди бевосита намояндагони вазорати улуми Эрон аз донишгоҳҳои олии Тоҷикстон ва арзёбии сифати таълиму тарбия дар ин муассисот , масъалаи тайиди дипломи донишгоҳҳои олии Точикистон аз сӯи Эрон баррасӣ хоҳад шуд. Вай бо ишора ба сатхи болои омӯзиш дар донишгоҳҳои олии Эрон ҳамкорихои ду ҷонибро дар бахши табодули донишҷӯён барои Тоҷикистон бисёр муфид арзёбӣ кард.
Маврид ба ёдоварист, ки равобити Тоҷикистону Эрон дар арсаи омӯзишу парвариш тайи солҳои охир ба таври чашмгир густариш ёфта, табодули донишҷӯён дар макотиби олии ду кишвар меафзояд. Таври мисол, айни замон дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ҳудуди беш аз 1300 нафар ҷавонони эронӣ таҳсили илм доранд. Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |