“Хроника Туркменистана”: Беш аз 370 оила дар пайи хароб шудани манзилҳошон бесарпаноҳанд
Дар ҳоли ҳозир беш аз 370 оила дар наздикии шаҳри Ашқобод дар шароити вазнин ба сар мебарад. Ин танҳо ними хонаводаҳое аст, ки манзилҳояшонро аз даст додаанд, менависад “Хроника Туркменистана”.
Ба иттилои манбаъ, манзили ин оилаҳо бо супориши мақомот хароб шудааст ва дар он ҷо барои олимпиадаи “Азиаде - 2017” меҳмонхона, варзишгоҳ ва дигар биноҳои маишӣ бунёд мегардад.
Идораи манзилии Ашқобод имкони бо манзил таъмин кардани аҳолиеро, ки хонаҳояшон хароб аст, надорад. Масъулони ин ниҳод ба одамон ваъда медиҳанд, ки онҳоеро, ки дар манзили харобшуда сабти номанд, баъди 2-3 сол хона хоҳанд дод. Аммо то он вақт ин одамон бояд ё дар манзили хешовандон зиндагӣ кунанд ё иҷора бинишинанд.
“Боз беш аз 300 оилаи дигарро аз ноҳияи Берзенги, ки хонаҳояшон ба шаҳраки “Азиаде - 2017” наздик аст, хатари хароб шудани манзилҳояшон таҳдид мекунад”,-навиштааст манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |