Ҷустуҷӯи сармуҳосиби “Умед 88” аз сӯи ВКД
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Амирбек Сӯфиев, собиқ сармуҳосиби ширкати “Умед 88”-ро, мавриди бозҷӯӣ қарор додааст. Дар иттилоияи ВКД омадааст, Сӯфиев бо ташаббуси раёсати умури дохилии Душанбе барои аз худ кардани амволи ғайр ба миқдори махсусан калон дар ҷустуҷӯ мебошад.
Эълони бозҷӯии Амирбек Сӯфиев дар торнамои ВКД, баъд аз шикояти ӯ аз болои роҳбарияти “Умед 88” ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, нашр гардид. Қаблан, сармуҳосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурӯши сӯзишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғул аст, бо ирсоли муроҷиатнома ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон арз дошта буд, ки аз сӯи раҳбарияти ин ширкат таҳти фишору таъқиб қарор дошта, алайҳи ӯ иттиҳомоти зиёде равона карда шудааст.
Ба гуфтаи Сӯфиев, раҳбари ширкати “Умед-88” гӯиё ӯро дар азхудкунии маблағи ҳаҷмаш ниҳоят калон муттаҳам намуда, аз болои ӯ ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Сӯфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми бофта паси панҷара андозанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, вале гӯиё ба ҷони худу пайвандони дар Ватан боқӣ мондааш, эҳсоси хатар дорад.
Сармуҳосиби “Умед-88” мегӯяд, ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, соли 2011 барои кор ба ин ширкати маъруф даъват шудааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва бино ба иттилои худаш феълан дар Русия ба сар мебарад.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаббатшо Баллаев, мудири шуъбаи ҳуқуқии ширкати "Умед-88", тамоми иддаои Амирбек Сӯфиевро рад кардааст. Ӯ дар номае ба унвонии мо навишта буд, "баъд аз он ки фахмидем, Сӯфиев гурехтааст, бо ариза ба мақомоти қудратӣ муроҷиат намудем. Ариза мавриди баррасӣ карор дорад ва бинобар фош накардани сирри тафтишот ҳоло аз шарҳи пурраи он худдорӣ менамоем."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |