Ифшои шиносбозию порагирӣ дар додгоҳи Тоҷикистон
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳолати сӯйистифода аз мавқеъ, шиносбозӣ ва порагириро дар низоми додгоҳии кишвар ошкор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод моҳи марти соли равон зимни баррасии парванда алайҳи Бобохонов Саидшоҳ дар додгоҳи ноҳияи Бохтар, котиби суд-Фирӯз Мирзоализода тариқи шиносҳо аз наздикони судшаванда барои татбиқи ҳукми ғайриҳабсӣ 2000 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Ба иттилои манбаъ Мирзоализода ба наздикони судшаванда дурӯғ гуфта, таъкид кардаст, ин маблағро гӯиё раисикунандаи парванда талаб дорад.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, котиби суд зимни гирифтани пора боздошт шуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |