Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимод ба Чин рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё субҳи имрӯз, 16-уми май озими ҷумҳурии Чин шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони президент Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, дар ҷаласа, ки дар Шанхай дар назар аст, намояндагони 46 давлату созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла роҳбарони Русия, Узбакистон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Муғулистон иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |