Бахшҳо

Сӯҳроб Шарифов: “...чунин вазъият заминаи инқилобро фароҳам мекунад” (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили марзии кишвар бо Қирғизистон бояд дар сатҳи раҳбарони ду ҷумҳурӣ ҳал шавад. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, ба уҳдаи мардум вогузор кардани ҳалли масъала паёмади хубе нахоҳад дошт.

“Мардум дар марзи Қирғизистон ҳам ҳассос ҳаст ва ҳам онҷо ҷосусони зиёде кор мекунанд. Гуруҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд аз ин нотинҷӣ ба нафъи худ истифода кунанд”,-афзуд ӯ.



Озодагон: Дар масъалаи мазкур кумисюнҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъсис ёфта, музокирот анҷом медиҳанд. Мушоҳида мешавад, ин музокирот хулосаи ниҳоӣ надорад ва ё сокинони ҳарду марз натиҷаҳои онро қабул надоранд ва дубора муноқишаҳо сар мезананд. Сабаб чист?

Сӯҳроб Шарифов: “Дар масъалаи марзи Қирғизистон якчанд мушкилӣ аст. Қирғизистон худ мушкили зиёд дорад. Ин муноқишаи марзӣ низ дар чанд сатҳ аст - сиёсӣ, иқтисодӣ ва марзию ҳарбӣ. Мушкилоти сиёсиро кумисюнҳои давлатӣ талош доранд, то бартараф намоянд. Масъалаи аслӣ ин деморкатсия ва делимитатсия нашудани марзи мо бо Қирғизистон мебошад. Мо то ҳадди имкон талош дорем, то масъаларо ҳал кунем. Албатта, бо ҳамаи ҳамсоякишварҳои худ масъалаҳои марзиро бартараф накардаем. Марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ва Афғонистон низ деморкатсия ва делимитатсия нашудааст, танҳо бо Чин мо корро анҷом додем ва дигар хавф вуҷуд надорад. Бо Узбакистон мо камтар замини баҳсӣ дорем. Бо Қирғизистон зиёд. Барои чӣ бисёр? Чунки дар Қирғизистон ҳукуматҳо зуд-зуд иваз мешаванд. Вақте дар марказ бесарусомонӣ аст, принсипи демократӣ нест, минтақаҳо мухторӣ пайдо мекунанд. Агар чунин шуд, ҳар кас мехоҳад, ба таври худ ҳал кунад. Масъалаҳои иқтисодӣ ва зироатӣ вақте байни сокинон пайдо мешавад, он характери ҷангӣ гирифта, ба кашмакашиҳои сарҳадӣ оварда мерасонад.”

Озодагон: Яъне, Тоҷикистон аз тарафи худ тамоми корҳоро анҷом медиҳад?

Сӯҳроб Шарифов: “Бале. Тоҷикистон намехоҳад, бо ҳамсоякишвари худ рақобат ва нофаҳмие дошта бошад. Ин ба манфиати давлати мо нест, ба манфиати давлати Қирғизистон ҳам нест. Вале ҳалли ин масъалаҳо вақтро талаб мекунад. Қабл аз он ки дар сатҳи сиёсӣ ин мушкил бартараф шавад, мо бояд дар сатҳи поён кор кунем. Мо пайваста бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардуми қирғиз ва тоҷик гузаронем. Бо сокинони наздимарзӣ бояд кор кард. Ин бӯҳронро мо бояд бо ҳам бубинем, то нерӯи саввум, давлати саввум вориди кор нашавад. Ин роҳи беҳтар ва воқеӣ аст. Сохторҳои давлативу амниятии дуҷониб бояд кор кунанд.”

Озодагон: Баъд аз ҳодисаи тирпаронии моҳи январи соли ҷорӣ кумисюнҳои давлатии ҳарду ҷониб музокирот анҷом доданд. Вале боз муноқиша сар зад. Мушоҳида мегардад, дар ин раванд Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ як гуна бохт дорад. Ба назари Шумо, чаро қирғизҳо дар инъикоси ҳаводиси марзӣ фаъол ва иттилои бештар доштанду доранд?

Сӯҳроб Шарифов: “Ҳар давлат низоми иттилоъдиҳии худро дорад. Фикр мекунам, дар Қирғизистон вакилони мардумӣ масъулини давлатро маҷбур мекарданд, то бо изҳороти барои худашон писанд баромад кунанд. Ин изҳороти зиёд эҳсосӣ буд. Воқеият надошт. Ин раванди мушкил аст. Парламентаризм онҷо устувор нест. Дар Қирғизистон ҳар нимсола ҳукумат иваз мешвад, ин ивазшавӣ ба мушкилоти миёни давлатӣ оварда мерасонад. Агар Қирғизистон дар соли наздик низоми давлатдории ҷидии худро пайдо кунад, чӣ президентӣ бошад чӣ парлумонӣ, мушкилоти мазкур бартараф хоҳад шуд. Дар робита ба дастнорас будани иттилоъ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки дуруст, ҳукумати марказӣ пахш намекард. Аммо дар ин маврид ҳокимияти маҳаллӣ бояд фаъол мебуд. Дар асл бо қирғизҳо мо мушкил доштем. Онҳо ба музокироти давлатӣ меоянд, ба як хулоса меоянд, аммо ба Бишкек мераванду изҳороти севум пайдо мешавад. Мансабдорони қирғиз аз тарси сабукдӯш нашудан аз тарафи вакилони мардумии миллатгаро ва ҷангҷӯи худ зуд изҳорот медиҳанд.”

Озодагон:
Мегӯед, Қирғизистон низоми ноуствори парлумонӣ дорад. Аммо чаро парлумони Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси марзӣ боре ҳам масъулинро даъват накарда, ҳисобот напурсид?

Сӯҳроб Шарифов: “Агар мо масъулинро ҳам даъват мекардему ҳисобот мепурсидем, он барои матбуот пахш намегардид. Чунин ҳисоботпурсӣ паси дарҳои пӯшида боқӣ мемонд. Низоми давлатдории мо бо Бишкек фарқ дорад. Тоҷикистон давлати президентӣ аст. Нақши парлумон дар мо дигар аст. Аммо дар Қирғизистон дигар аст, масабдорон кӯшиш мекунанд, ки бештар бо хости вакилони мардумиашон ҳисобот бидиҳанд. Хабарнигорон низ баъзан асли ҳодисаро нодуруст инъикос мекунанд. Дар Қирғизистон мушкил ин аст, ки онҷо Русия ва Ғарб, ба хусус Амрико манфиатҳои худро доранд. Русия ҳамеша аз ҳукумат ва Амрико аз сохторҳои ғайридавлатӣ пуштибонӣ мекунанд. Бархӯрди манфиати ду абарқудрат барои давлатҳои хурд хуб нест. Ҳамин бархӯрдҳо буд, ки дар Қирғизистон зиддиятҳо ба вуҷуд омада, низоми давлатдорӣ зиён дид. Чунин вазъият заминаи инқилобро ба вуҷуд меорад.”
Мӯҳр
ТОҶИК
ЭЙ БОБОИ СУҲРОБ О ҚИРҒИЗИСТОН ЧИ ЗАРАР ДИД.ЗИНДАГИШ АЗ ТОҶИКИСТОН БА МАРОТИБ БОЛО ҲАСТ МО НАФАҲМИДЕМ ЗАРАРАШРО АНИҚТАР ФАҲМОНЕД..

ЧАНОБИ СУХРОБ ШАРИПОВ ДУРУСТ МЕГУЯНД ЭЙ КОШ МИСЛИ ШУМО ИНСОНХОИ СОЛИМФИКРУ ДУРАНДЕШ ЗИЁД МЕБУД ДАР КИШВАРИ АЗИЗАМОН ТОЧИКИСТОН...

Ахсан ба Шумо Сухроб Шарипов...бояд зиракиро аз даст надод...Руссия давлати дигар шудааст...ва мо бояд..вазъияти чахониро ба назар гирем...
Саломат бошед....

Як сабаби бохти мо дар чангхои иттилооти надоштани ВАО-и кави аст. Се-чор газету очонсии нимчон, аз кабили Озодагон, ин корро адо карда наметавонад. Агентии тавонотари руси АП аст, ки давлатгаро нест. Ховар расми менависад ва чолибу акидасоз нест. Давлат бояд кайхо барои созмон додани гурухи иттилоотие бо чалби интеллектуалхои точику русзабон икдом мекард (хусусан русзабон). Касе хонад, кайф кунад аз гап! Одамхои ин хел менавиштаги хастанд, лекин ба онхо пул додан даркор, ки барои таъмини оилаашон кофи бошад. Газетахо ин корро карда наметавонанд, чунки маоши кам медиханд. Усунша худтон фикр куне. Озодагон, бо номи худта кайчи назани.

99
22 сол аст, ки як масълаи сарҳада ҳал карда наметавонед, боз чӣ қадар вақта талаб мекардааст!?

"Парламентаризм онҷо (Киргизистон) устувор нест.
Парламентаризм бенихоят дар мо устувор аст. Чунон устувор аст ки, то бас гуфтан.

"Мансабдорони қирғиз аз тарси сабукдӯш нашудан зуд изҳорот медиҳанд.”
Мо бошем дахонро бо скотч махкам карда харфе намезанем, чуни ки механизми сабукдушкунии мо вучуд надорад.

Каллугшо
Дар Киргизистон мардум маошаш аз мо 2 маротиба зиёдтар аст.Гайр аз ин хукумати киргизхо дар Маскав обуруи баланде дорад.Чашми русхо аз сиёсатмадорону халки киргиз харос дорад.Зеро ончо хукуматхоро русхо бо танку тубу сарбозони худ сари давлат наовардаанд.Чаро мардумро гул мезанед.Киргизхо 6 миллион замини хамвори оби доранд,мо территорияамон хамааш шуд баробар ба 60 фоизи марзи киргиз аст.

Сабаби набудани матбуоти озоди пешрафта ва журналистикаи тавоно дар мо ин надоштани касбияти мансабдорон ва андешаи танги махаллии онхо хаст.Вокеъан бесавод дар сад сол босавод нахохад шуд.Шумо бубинед имруз кариб хеч кас аз хурду калон касе телевизиони Точикистонро назаре намеандозад.Зеро телевизион натавонист,ки чун як дастгохи андешасоз ва миллатисоз бо барномахои пешрафтаи тахлили ва фархангию таърихи миллатро ба намоиш гузорад.Андешаи телевизиони точики хамон андешаи солхои 60-умро ба миллати точик бо назарияи хоми яктокомунисти таргиб намуда,миллатро мехоханд барда кунанд.Акалан аклашон намерасад,ки дар шароити суръатнокии нанатехнорлогияи чахони ин кор хеч манфиате надорад.Кор то он дарача расидааст,ки кас аз тамошои телевизионхои афгони ва пешравии ин кишвари чангзада ва андешахои озоди халк ва хусусан парлумони он ва вакилзаони парлумони афгони ба хайрат меояд.Вокеъан инро имруз афгонхо низ хис намуда,моро тамасхур карда истодаанд.Телевизиони давлат мустаъкил бояд бо техникаи оли ва мутахассисони баландпоя таъмин бошаду дар 30-чи давлати дунё корпункт дошта бошад.Хамчунин барои гирифтани наворхо дар хоричу дарун бояд миллионхо доллар сарф шавад.Ин мардуме,ки инро намефахманд ва андешаи пасти минтакави доранд аклашон намерасад,ки бо ин амалхо дар солхои наздик хама чизро хохем бохт.

Рустам
Мухтарам Сухроб Шарипов! Дар мо одат шудааст, агар хамсоя зур бошад, ба гуфти Шумо бояд, ки заминхоямонро бе бахс ба хамон хамсоаамон додан гирем, ман албатта Хитойро дар назар доррам, агар камкувваттар бошад чи?

.
Ин Сухроб Шарипов аз дуруг бофтану лапшавеси кадж шудааст.

Душанбегӣ
Ин ё чизе ба даҳонаш омад гуфта истодааст ё хеле бесалоҳияту аз вазъи кунунӣ ноогаҳ. Нерӯи сеюму чоруму ва ҳоказо нест, масъала сифр ба ду давлат таалуқ дорад. Дуюм, ин вакил иброз менамояд, ки "мансабдорон кӯшиш мекунанд, ки бештар бо хости вакилони мардумиашон ҳисобот бидиҳанд" ва"Низоми давлатдории мо бо Бишкек фарқ дорад", яъне ин бо ин суханҳояш гуфтанӣ аст, ки дар Қирғизистон мансабдорон аз Тоҷикистон мардумитаранд чунки тобеи вакилони мардумианд ?! Пас демократия ҳамин аст, ва агар мансабдорон шуморо ҷаноби вакил гӯш накунанд пас мушкил дар худи шумост. Мегуяд, ки "Агар мо масъулинро ҳам даъват мекардему ҳисобот мепурсидем, он барои матбуот пахш намегардид", пас чаро дар бораи корҳои фаҳмондадиҳӣ сухан меронӣ?! Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси сиёсати возеҳи давлатӣ амалӣ карда мешавад ва агар он барои ВАО и миллӣ пешниҳод нашавад дар асоси чӣ чунин корҳо бояд гузаронида шаванд?Хуллас ин вакиле, ки дар кумитаи корҳои байналмилалии парлумон фаъолият мебарад вазифаи хонагии худ, яъне корҳои байналмилалиро дуруст дарк намекунад ва аз сиёсати воқеӣ хеле дур сухан мегуяд.

Вақте яке аз идеологҳои асосии ҳукумат ин гуна парокандагӯӣ мекунад, равшан мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат шахсияти андешаманд ва соҳибназари сиёсӣ надорад ва ё дораду онҳоро аз даму дастгоҳҳои роҳбарӣ ва расмӣ дур нигоҳ медоранд. Афсӯс...

Вакил
Дар точикистон парламент аз они президент аст, на аз мардум! рост гуфтед Сухроб ако!

Пайрав
Бародарон як ба телевизион ва васоити ахбори оммаи Афгонистон нигаред чи гуна пешравихо аст.Ин мардум чун тасодуфан сари кор омадаанд ва чахонбинии танг доранд халки точикро дар рухияи якахизби нигох доштан мехоханд,лекин якахизбии шурави он давра дигар хел буд.Сухани журналист як чумхуриро мансабдоронашро ба такудав меовард.Холо чи,хеч чиз.Журналистикаи сиёси ва иктисоди ва хатто варзиширо низ пуриктидор кард.Замона замонаи чанги иттилоотист,наход хаминро надонанд!

sal
ин мардак сафсатта мегуяд - киргизистон ягона кишвари демократи аст дар минтака - бо чомеаи маданиву парламенти устувор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)