Ҳушдори Лукашенко аз нооромиҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои СПАД
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия дар доираи мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СПАД изҳор доштааст, ки феълан зуҳуроти номатлубе амсоли ҳаводиси Украина дари ҳар кишвари узви ин созмонро кӯфта истодааст.
Лукашенко изҳор доштааст, ки “ин зуҳуроти номатлуб на танҳо дар остонаи Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон ва Русия балки дар Белорусия ҳам пайдо шудаанд.”
Раисиҷумҳури Белорусия аз чанд соли пеш зикр карда, афзудааст, “вақте аз нооромиҳо дар минтақа сухан мерафт, мо Афғонистон, Сурия ва Ироқро ба назар меовардем. Аммо ин зуҳурот дар сайёра хеле зуд паҳн шуда истодааст ва аллакай дари моро низ кӯфта истодааст.”
Ӯ бо ишора ба ҳаводиси Украина таъкид кардааст, ки кишварҳои узви СПАД набояд бетараф бошанд. Лукашенко аз мавқеъгирии Ғарб интиқод намудааст, ки ҳамоишгарони Киевро ҷонибдорӣ кардаасту мавқеъгириҳои сокинони ҷанубу шарқи Украинаро маҳкум мекунад. Раисиҷумҳури Белорусия инро дурӯягӣ хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |