Бахшҳо
14 май 2014 14:27Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои кумак ба сокинони селзадаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди бартарафкунии харобиҳои офати табиӣ ҳайати 60-нафариеро аз аъзои худ фиристодааст. Тавре Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, ин ҳайат рӯзи 14 май таҳти раҳбарии Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ин ҳизб сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ аз кумаки пайдарпайи наҳзатиҳо ба сокинони Зайнабобод ибрози миннатдорӣ карда, хоҳиш кардаанд, ба ин иқдоми худ ба сокинони селзада хотима бахшанд. Файзраҳмонов илова намуд, ҳукумати ноҳияи Рудакӣ гуфтааст, худ қудрат ва тавонони кумак ба сокинон ва бартарафкунии харобиҳои офати табииро дорад ва дигар ниёзе ба ташрифи наҳзатиҳо намондааст.

Ин дар ҳолест, ки 13 май Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ бо раҳбарии ҳайате аз аъзои ҳизб ба аёдати ин сокинони селзадаи Рудакӣ рафта буд. Инчунин бо ташаббуси Шуъбаи навоҳии тобеи маркази ҲНИТ барои беш аз 250 нафар хуроки гарми яквақта пешниҳод гардида буд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)

Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)

Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)

Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)

Ҳукумат аз ҳизби Кабирӣ хост, ба селзадаҳо кумак накунад (АКС)
Мӯҳр
Инхо аз тарси аз даст нарафтани курсихояшон ва ширин кардани худ дар назди хочахояшон ба хар кор кодиранд. Наход касеро,ки мехохад ба шахси ниёзманду дастнигар кумаки бегаразона намояд, аз ин амали хайраш боздори? Дар тамоми дунё кумаки башардустона гуфтани гап аст. Аммо ин косалесхои мо намегузоранд, ки бародар ба бародари худ ёри расонад.....

о монед ки хнит ери дихад чаро намегузоред. асос он ки шахрванд кумакро бинад фарк надорад аз кучо. асос шахрвандро тинч кардан лозим аст.

Ба рохгузар
Вокеан рохгузари бекорхуча хасти.
Кабири аз хар як майда чуйда вохима месозад. Аз мушкилоти мардум низ истифода мебарад - ана бинед рахмдилию чонсузимамро!
Озодагон ки аз кисаи у хурда истодааст, бо тамоми кувват аз у кахрамон месозад.
Хукумати нохия ва чамоат шабу руз бо мардум хастанд, кумакро ташкил мекунанд, вале ин кадар вохима намекунанд.
Аслан, дар юораи кумаки бегаразона баланд овоз намедиханд.
Дар китобхои дини хам омадааст, ки кори хайр хомушона, хатто бе ном амал мешавад, то ки он шахси ниёзмандро карздор накунад, ки у худро факир хис накунад. Рузе меояд, у хам ба дигарон кумак мерасонад.

Одил
muhojir
Камни хамон хукумати ухдабаро ки рохои селзадаи дехаи симиганчро обод кунад.Дар дехаи симиганч сел рохоро хароб карда як пулро хароб карда се пули дигаро тамоман нобуд кардааст.

ОЛИМ. .....азтуда одами бесавод набудаст да оо он чамоат ва хукумат мурдагибуданки дарвакташ пешгири мекадан

Марде аз анушбард
Тавсия ба хизби нахзат,ки хар вакте коре кардани шудед элони бузурги омодаги кунед.Аз тасмими шумо ин хукумат зуд ба чои шумо он корро мекунад.Чаро бисёр дидем аз он корхо.......,ки шумо хостед ва ин хукумат он корро анчом дод.Барои хамин пешопеш барномаи корро нашр ва гушзади хосу ом кунед то аккалан фоидае расад аз ин будану набудани мо......

ассалому алекум ва рахматуллох офарин ба бародарони хнит ки барои мардуми бечора кумак мекунанд агар ин кумак аз тарафи давлат мешуд хол он ки кумак нарасида дар тв-хои тчк як хафта факат реклама мекарданд чаро шумо барои нахзатихо бугзу кинна доред? хамин ххдт нест ки бар зидди халку миллат кор мекунад? ба чуз кабири дар парлумон вакилони зинда нестанд хама об дар дахон нигох медоранд ман аъзои ягон хизб нестам ва буданхам намехохам ман факат фикри чомеаро дорам ва софдилона сухан дорам хамаи мо як миллатем мусалмонем бояд дастчамъ ба ёрии якдигар бишитобем чи дар нохияхои рудакиву кумсангир кулобу дарвоз хисору вахдат ва дигар нохияхо проблемахо бошанд кумаки худро дарег надорем ..........
озодагон чоп кун озод бош!!!!

нахзати
Ачаб дунёе шидаст да!
Чаноби Олим мо корхои бисёр кардем неки овозаш накардем хапу дам кардагием неки хами корой шумо овозаш кардестай.
Камардин Афзали бечора беовоза рафт капиден махкамш каден кати муовинш мачбур овозаш каден хдтон. Да чомиву вахдатам мо хамихел кумак карда бдем. Барой шурободам маблаг чамъ када равон кадем неки нагуфтем. Кулобда хам чанд камаз аз чумла як камаз орд равон када бдем.
Ба Худо касам мо нахзатиё сарбаландиву бехбудии зиндагии миллата ва пешрафти давлату хукумата мехохем, неки шмо олимбарин одамо моя намефахмед, мо чикор кнем?

Чандин бор бачохой мо чамъ мешан биёед ин кора кнем хами кабири мега бестен ки оли меган холи сиёси мегиран. Мегем биё ихел кнем мега бестен ки хукумат хасос мешава бо ихел мешава. Ай хамихели мулохизакорихой хами раисмона мо чандин кора накардаем. Неки дига гуш кадан даркор нест.
Хичи гап не биёяд хизби халки демократи хами ташабуса бгира мора дават кна катиш мерем хизмати мардма мекнем. Биён дига хизбо хами икдома кнан мора дават кнан мо барои хамкори омодаем.

Амин
Монед кори хайр кунанд бародарон.Аз хизби нахзат харос доштан лозим нест.Он нишонаи демократияи мост ва хамчунин як сипар дар мукобили дигар чараёнхои иртичоист.Инро бояд сиёсатмадорони босаводи точик ба давлатдорон фахмонанд.Набудани ин хизб дигар чараёнхоро пеш хохад овард.Ин андешаро аз ёд набароред.Сари масъалаи интихобот бошад тарсидан лозим нест.Мисли хизбчахои аграри ва ислохоти иктисоди ба онхо барои диди замон соли 2015 як-ду чой дихед басанда аст.

Кудрат ва тавононии Косалесони нохияи Рудаки факат ба хамон мерасад, ки аз шахрвандонаш маблаг чамъ оварда аз номи Хукумат ба офат расидагихо кумак расонанд. Дар нохияи Рудаки одат шудааст барои хамаи "чорабинихои Хукумати" косалесони нохия аз халки камбагал маблаги чамъовари кунанд.

0101
ана инро пешравй меноманд... нахзатихо ба пеш!!!!!!рохгузар,

точик
барои чи кумак ин вохима мешудаст? мана хукумат ба мардум яглн кумак намекунад то хатто хуни мардумро мемакад вале бо воситаи радиою телевизион сиесати хирадмандона гуфта ба мардум афсона мехонад чи магар ин нагз аст?дуруст пст ки ХНИТ бо ин рох сафи тарафдоронашро зиед кардан мехохад ва ашар шумо инро нахохед ба мардум аз онхо бештар кумак кунед

Чаввоб ба Олими
Олим аз худое туро халк кардааст чаро чизера нпдида гап мезани , ягон бор рафти ба тарафои Ззайнабобод омади ? Ки мегуя ки хукумати шахр харуз моя ёрдам мекни и други махзай , ябор дубор омадан сабр кунетон гуфтану бахами сиёхишона нобуд кабан , ту чида друг мегуй ? ай Хдо бтарс , Канша зана Хизби Нахзат , омад кад , неки шумо барин олимои чохил хамара ба другтон вайрон кадагиен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)