Зоиров дар Эрон: Пиру ҷавони тоҷик "Шоҳнома"-ро медонанд
Назрихон Зоиров, дипломати тоҷик дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абдулқосими Фирдавсӣ дар Эрон аз ҷойгоҳи вижаи ин шоири барҷаста ва “Шоҳнома”-у дар Тоҷикистон хабар дод.
Дар ин ҳамоиш, ки дар устони Хуросони Разавии Эрон баргузор гардид, мушовири фиристодаи сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон суханронӣ намуда, диққати ҳозиринро ба хиёбону китобхона ва муҷассамаи Фирдавсӣ дар Душанбе ҷалб кардааст.
Ӯ гуфтааст, "Шоҳнома" маъруфтарин асари форсӣ дар ҷаҳон аст ва дар Тоҷикистон пиру ҷавон бо он ошноанд. Дар кишвари мо ба "Шоҳнома" –ву шоҳномасаро эҳтиром қоиланд, ҳатто муҷассамаи шоир дар пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтаву Китобхонаи бузург ва ноҳияе дар Душанбе ба номи ӯ бахшида шудааст.”
Дар ин чорабинӣ инчунин шоҳномапажуҳони варзида - доктор Аббоси Хайрободӣ, доктор Фарзин, доктор Мавдудӣ - устодони донишгоҳҳои Эрон дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ин ҳамосаи бебадил ва сабабҳои мондагории он изҳори назар намуданд. Гуфта мешавад, ин ҳамоиш бо ибтикори "Бунёди Фирдавсии Тус" доир шуда, дар он Солеҳи Мусавиён - тарроҳ ва муҷассамасози эронӣ нимпайкараи Ҳакими Тусиро ба Сафорати Тоҷикистон тақдим намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |